18 Dec 2017

Ташаккули усулҳои илмии истилоҳсозии  забони тоҷикӣ

Дар даврони Истиқлол барои рушди забони давлатӣ шароити мусоид фароҳам шудааст. Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (2009) таъсис ёфтааст. Корҳои зиёде оид ба рушди забон анҷом шудааст. Бар ивази Қонуни забон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (5 октябри соли 2009) қабул гардид. Асарҳои зиёди илми оид ба забоншиносӣ ва таърихи забон офарида шуданд. Махсусан, асарҳои Президенти кишвар, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Ҷаноби Олӣ Эмомали Раҳмон дар бахши забоншиносӣ хеле муҳиманд. Аз ҷумла, асари «Забони миллат – ҳастии миллат. Китоби якум. Ба сўйи пояндагӣ» (2016) барои таҳқиқи илмии таърихи забони тоҷикӣ аҳамияти бузург

08 Dec 2017

Узри  бадтар аз гуноҳ!

Дар сайти расмии Агентии коррупсия раддияи ин идораи муътабар оид ба иштироки кормандони он  (Одинамаҳмадзода П., Розиқзода Ҳ. ва дигарон, ки номи онҳоро худи Одинамаҳмадзода П. медонад), вале ош нахӯрдани онҳо баромадааст. Онҳо гӯё барои назорат ва тартиб додани ҳуҷҷат (дар сурати содир шудани ҳуқуқвайронкунӣ) омада бошанду халос. Мо аз Агентӣ изҳори сипос мекунем, ки ҳадди ақалл иштироки кормандони худро бар уҳда гирифтааст. Фақат бояд Агентӣ шарҳ медод, ки оё аз рӯи қонунгузорӣ кормандони коррупсия ҳақ доранд, ки ба танҳоӣ ва пинҳонӣ ба оши наҳор рафта, иштирок карда, ош хӯрда, баъд аз се рӯз санад тартиб диҳанд? Оё имкон дорад, ки шоҳидонро (Аҳёев Б., Насриддинов А.) дар рӯзи 31.07.17 пурсида, санадро рӯзи 29.07.17 таҳия

13 Oct 2017

Асрори як мурофиаи судӣ

Тоҷикистон имрӯз давлати ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва соҳибистиқлол аст. Дар муддати 26 соли Истиқлол барои мардуми тоҷик шароите фароҳам гардид, ки дар озодиву оромиш ва осоиштагӣ зиндагӣ ба сар барад, таҳти роҳбарии Пешвои худ ба созандагиву бунёдкорӣ машғул шавад, таҳдоб ва бунёди давлати миллии тоҷиконро барои садсолаву ҳазорсолаҳо гузорад. Қонунҳои миллие, ки назираш дар қонунгузории ҷаҳон вуҷуд надорад, қабул гардид, ки яке аз онҳо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои дар Ҷумҳурии Тоҷикистон “мебошад. Ин қонун дар байни мардуми тоҷик ҳаводорони зиёде пайдо кард ва татбиқи он ҷанбаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа ва расму анъана ва суннатҳои мардуми тоҷикро ба тартиб овард. Пеши роҳи харҷу 

16 Aug 2017

КИТОБХОНАИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН ВА ГУСТАРИШИ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ

Китобхонаи миллӣ дар таърихи навини тоҷик яке аз сутунҳои асосии таҳкими арзишҳои миллӣ ва василаи таблиғи маҳфумоти давлатдории миллии тоҷикон дар миёни ҷавонон маҳсуб мешавад. Ин иддао аз маншаъ мегирад, ки фаъолияти бахши бақайдгирии шуъбаи хизматрасонӣ ба муштариён нишон додааст, ки аз оғози фаъолияти Китобхона то ба имрӯз ба узвияти Китобхонаи миллии Тоҷикистон 126919 нафар хонанда пазируфта шудааст, ки 20072 нафари он танҳо дар шашмоҳаи аввали соли равон ба узвияти Китобхонаи миллӣ пазируфта шудаанд.

15 Aug 2017

РАВАНДИ ҶАҲОНИШАВӢ ВА ҲИФЗИ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ

Фарҳангҳои пурқудрат дар тамоми таърихи инсоният мудом бар фарҳангҳои хурду кӯчак бартарӣ дошта, тадриҷан онҳоро ба худ фурӯ мебаранд, ки ин ҳодисаи табиии таърихист. Вақте ба таърихи ҷаҳонӣ назар мекунем, пайванди фарҳангҳо қабл аз ҳама дар натиҷаи бархӯрди онҳо ба миён меояд.

Страницы