04 Nov 2016

Тарзҳо ва сарчашмаҳои истилоҳсозӣ

Солҳои 20 - уми садаи гузашта, вақте ки масъалаи табдили алифбо ва бозсозиву навсозии забони адабии як қатор миллатҳои Иттиҳоди Шӯравӣ ба миён омад, суоли ногузире пайдо шуд, ки истилоҳофаринии ин забонҳо чӣ гуна ва бар асоси кадом усулҳо сохта шавад ва ба кадом роҳҳо бояд пеш равад? Зеро дар ҳар ҷумҳурӣ ин масъала мустақилона, бидуни мувофиқа ва ҳамоҳангсозӣ бо ҷумҳуриҳои дигар ҳал мешуд. Гузашта аз ин, дар аксарияти ҷумҳуриҳои миллӣ луғатшиносони варзида ва ошно бо меъёру методологияи нави истилоҳшиносии ҷаҳонӣ мавҷуд набуданд.

04 Nov 2016

Бознигарии усулҳои истилоҳсозӣ

Дар забони тоҷикӣ истилоҳсозӣ ва истилоҳшиносӣ имрӯз наметавонад бо пажӯҳишҳои густурда ва амиқи назарии худ ифтихор кунад. Мушкил он аст, ки то ҳол заминаи рушду инкишофи ин ришта ба қадри лозим фароҳам нашудааст, аз ҷумла «таркиби луғавии забони адабии ҳозираи тоҷик ба дараҷаи кофӣ тадқиқ нашуда...ва оид ба масъалаҳои алоҳидаамон ягон асари илмии ба назар намоён ба вуҷуд наомадааст». (Тоҳирова, 1967, с.7). Аз ин сабаб на танҳо масъалаҳои назариявӣ, балки даҳҳо мавзӯъҳои мубрами дигари истилоҳсозӣ ва истилоҳшиносии забони тоҷикӣ ҳанӯз ҳам дар интизори муҳаққиқони хешанд.

04 Nov 2016

Истиқлол ва рушди забони давлатӣ

Таърихи куҳан ва сарвати бебаҳои илмиву фарҳангӣ ва адабии  миллати бостонии мо бар пояи  забони тоҷикӣ, ки дар даврони Рӯдакиву Фирдавсӣ бо номи забони форсии дарӣ ёд мешуд, бунёд ёфта ва дар тӯли  ҳазорсолаҳо наслҳои  гуногуни халқи моро  ба ҳам пайвастааст. Гузашта аз ин, маҳз ба ҳамин забон  осори аҷдодони бузурги мо – Рӯдакиву Фирдавсӣ, Синову Берунӣ, Хайёму Саъдӣ, Ҷалолиддини Балхиву Ҳофиз, Низомиву Бедил, Ҷомиву Ҳилолӣ ва даҳҳо мутафаккирони дигар дар ганҷинаи фарҳанги тамаддуни башарӣ сабт гардида ва ба ҷаҳониён муаррифӣ шудааст.

04 Nov 2016

Забони тоҷикӣ ганҷи шойгони миллати тоҷик аст

Ҷумҳурии Тоҷикистон   25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии худро бо шукӯҳу шаҳомат пешвоз мегирад. Дар назди таърихи чандинҳазорсолаи сарнавишти миллати мо ин давра шояд аз лиҳози замони саҳифае беш набошад, вале аз лиҳози пешомади рӯйдоду ҳодисаҳо ва пайдо шудани чархиши бунёдӣ дар рушду нумӯи ин сарзамину ин миллати бостонӣ дар таърих назир надорад.

25 May 2016

Панди бузургон

Эътибор ва обрўи инсон арзишҳоеянд, ки ҳаргиз набояд онҳоро аз даст дод. 
Танҳо ду гурўҳ наметавонанд афкори худро иваз кунанд: девонагони бемористон ва мурдагони гўристон. Вин Дейр
Зиндагӣ шинохти худ нест, зиндагӣ барои сохтани худ аст. Б.Шоу 
Ҳеҷ вақт бадахлоқии касеро ба хотири симои зебояш таҳаммул макун! 
Бифаҳм, ки шикаст нуқтаи муқобили муваффақият нест, он қисмате аз муваффақият аст. 
Садама шуморо лаҳзае заиф ва як умр қавӣ мекунад.
Забондарозӣ нишонаи дасткўтоҳист.

Страницы