15 Sep 2016

Сайфиддин Назарзода 3-юми ноябри соли 1956 дар деҳаи Танобчии ноҳияи Совет (ҳоло Темурмалик)-и вилояти Хатлон ба дунё омадааст. 

Баъди хатми Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон муддати як сол аз тариқи вазорати саноати нафти Шӯравӣ ва чор соли дигар тарҷумони неруҳои мусаллаҳ дар Афғонистон буд.
Баъди бозгашт аз моҳи октябри соли 1984 то декабри соли 1985 дар вазифаи сарлаборанти кафедраи филологияи  Эрони факултаи забонҳои шарқи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ва аз декабри соли 1985 то ноябри соли 1990 чун муҳаррир дар сарредаксияи гуфторҳои хориҷии Кумитаи давлатии телевизион ва радиои Тоҷикистон кор кард. Инчунин, котиби созмони ҳизбӣ ва узви Кумитаи ҳизбии Созмони ҳизби Коммунист дар Кумитаи давлатии радио ва телевизион буд.
 Аз ноябри соли 1990 то июни соли 1992 корманди калони илмӣ ва Котиби илмии Кумитаи истилоҳоти назди Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз июни соли 1992 то феврали соли 1993 директори барномаҳои радиои Кумитаи давлатии телевизион ва радиои Тоҷикистон, аз феврали соли 1993 то январи соли 2000 муовини раиси Кумитаи истилоҳоти назди Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз соли 2000 то 2003 иҷрокунандаи вазифаи Раиси Кумита ва аз соли 2003 то моҳи октябри соли 2004 дар вазифаи муовини раиси Кумита кор кардааст.
Аз моҳи октябри соли 2004 Раиси Кумитаи истилоҳоти назди Раёсати АИ ҶТ ва аз марти соли 2006 Директори Институти забон ва адабиёти ба номи Рўдакӣ буд.
Моҳи майи соли 2011 декани факултети забонҳои  Осиё ва Аврупои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таъин шуд ва аз 15-уми декабри соли 2014 бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон таъин шудааст.
 Соли 1991 вобаста ба таърихи лексикологияи забони форсии нав рисолаи номзадӣ ва  соли 2004 дар мавзуи «Истилоҳоти иҷтимоӣ ва сиёсии забон тоҷикӣ: таърих, гароиш ва дурнамо» рисолаи докторӣҳимоя кард ва соҳиби унвони доктори илм гашт. 
Сайфиддин Назарзода дар давоми фаъолияташ дар Кумитаи истилоҳот ва Институти забон ва адабиёт дар кори амалӣ намудани Қонуни забон  кўшиши зиёде ба харҷ додааст ва таҳия, таҳрир ва ба чоп расонидани луғатҳои  соҳавӣ ва таҳияву тартиби истилоҳоти коргузорӣ  аз самтҳои асосии фаъолияти ў гардид ва то кунун ин корро идома медиҳад. 
Луғату фарҳангномаҳое, ки дар таҳия, таҳрир ва чопи онҳо ширкат намудааст: 
Фарҳанги мухтасари истилоҳоти коргузорӣ. С. Назарзода, Душанбе, «Симурғ», 1993, 120 саҳ.
Асноди додраси тафтишоти пешакӣ. Мураттибон  М. Аслам, С. Назарзода, Ҳ. Қаҳҳор, муҳаррири масъул М.Ҳ. Султон. Душанбе,1994, 224 саҳ.
Луғати истилоҳоти иқтисодӣ (русӣ-тоҷикӣ). Таълифи С.Ҳабибов ва дигарон. Таҳрири С.Назарзода ва М. Султон, Душанбе 1999, 260 саҳ.
Луғати  мухтасари русӣ-тоҷикии истилоҳоти гумрук. Мураттибон Аҳмадҷон Сияров ва Абдурасул Шарипов. Муҳаррири масъул С.Назарзода, Душанбе 1999, 220 саҳ.
Луғати  русӣ ба тоҷикии истилоҳоти ҳарбӣ. Мураттибон  П.Нурбахш ва дигарон, таҳрири С. Назарзода  ва  М. Султон. Душанбе, 2003, 780   саҳ. 
Фарҳанги истилоҳоти иҷтимоӣ ва сиёсӣ. Душанбе 2006, 220 саҳ. Мураттиб С. Назарзода
Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ. Иборат аз ду ҷилд. Мураттибон Назарзода С. ва дигарон. Душанбе, чопи аввал соли 2008 ва чопи дувум соли 2010.
Фарҳанги мукаммали забони тоҷикӣ. Мураттибон С. Назарзода ва дигарон. Ҷилди аввал, ҳарфи «А», Душанбе, соли  2011
Сайфиддин Назарзода дар канори корҳои илмиву амалӣ, барномаҳои илмиву таҳқиқотии хешро низ фаъолона пеш мебарад. Таҳияи асарҳои илмии «Аҷоиб-ул-махлуқот» ва вожашиносии таърихии форсӣ-тоҷикӣ», 1999, (210 саҳ), маҷмуъаи «Афғонистони имрўз» ( ба забони русӣ), 1988; «Забон ва истилоҳот» (Андешаҳо дар атрофи забони тоҷикӣ ва ташаккули истилоҳот), Душанбе 2003 (148с.), «Лингвистическое изучение классических письменных памятников» (Пажўҳиши забонии осори  хаттии классикӣ), Душанбе, 2004 (333с.), «Ташаккули истилоҳоти иҷтимоӣ – сиёсии забони тоҷикӣ дар садаи ХХ», Душанбе, 2004 (303с.) «Забон ва ваҳдати миллӣ», Душанбе, 2007, 120 саҳ. ва мақолаҳои зиёде дар рўзномаву маҷаллаҳои ҷумҳурӣ ва кишварҳои хориҷӣ самараи талошҳои фазояндаи ӯ барои пешрафти илм ва фарҳанг дар кишвар аст. Дар ин муддат бештар аз 170 мақолаву асарҳои илмии ӯ дар Тоҷикистон ва берун аз он, аз ҷумла дар саҳифаҳои матбуоту маҷаллаҳои илмии Эрону Афғонистон ва Руссияву Қазоқистон чоп шудаанд. 
Вай ҳамчунин ширкаткунандаи чандин ҳамоишу конфронсҳои илмӣ дар дохил ва хориҷи Тоҷикистон аст. 
Дар Институти забон ва адабиёт ба ғайр аз роҳбари умумӣ будан ва фаъолияти созмондиҳии илмӣ доштан ў роҳбари мавзуи илмии «Фарҳанги русӣ-тоҷикӣ» ва роҳбари таҳияи «Фарҳанги тафсири  забони тоҷикӣ» (дар ду ҷилд) буда, аз соли 2009 роҳбари таҳияи «Фарҳанги мукаммали забони тоҷикӣ” (иборат дар 6 ҷилд) ва «Фарҳанги имлои забони тоҷикӣ» буд. 
Таҳияи «Фарҳанги тафсири забони тоҷикӣ» (тартибдиҳанда ва раиси ҳайати таҳририя) бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардида, моҳи сентябри соли 2008 ба анҷом расид ва ду ҷилди он дар остонаи ҷашни Истиқлол, Соли бузургдошти забони тоҷикӣ ва 1150- солагии устод Рўдакӣ чоп гардид. 
  17 нафар  унвонҷӯён, аз ҷулаи олимони ҷавон таҳти роҳбарии ў машғули корҳои илмӣ буда, 13 нафари онҳо рисолаҳои илмии худро дар мавзуъҳои гуногун ҳимоя кардаанд. Ду нафари дигар таҳти сарпарастии ӯ рисолаҳои доктории худро дифоъ ва соҳиби унвони доктори илм шудаанд.  
Ў ҳамчунин дар баробари корҳои идораву созмонӣ ба рисолаҳои  докториву номзадӣ доир ба забоншиносиву истилоҳотшиносӣ  тақризҳо навишта, солҳои 2007-2011 Раиси Шўрои диссертатсионии ҳимояи рисолаҳои доктории Институти забон ва адабиёти ба номи Рўдакӣ буд ва ҳоло узви  Шўрои  диссертатсионии ҳимояи рисолаҳои доктории ДМТ мебошад.
 Хизматҳои ӯ  бо нишону медал ва ифтихорномаҳои зерин қадр шудаанд:
1. Медали «Барои хидмати ҷангӣ». Фармони Шўрои Олии СССР аз 22-сентябри соли 1982.
2. Медали «70-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи СССР». Фармони Шўрои Олии СССР аз  28-январи соли 1988.
3. Медали «Ба сарбози интернатсионалист аз халқи қадрдони Афғонистон». Фармони Президенти Ҷумҳурии Афғонистон аз 15-маи соли 1988.
4. Ифтихорномаи  Президиуми Шўрои Олии СССР аз 28-декабри соли 1988.
5. Ифтихорномаи Вазорати Мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, феврали соли 2003. 
6. Барандаи ҷоизаи ба номи  Осимии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бахши илмҳои ҷамъиятшиносӣ, соли 2009.
Сайфиддин Назарзода вакили маҷлиси ноҳияи Шоҳмансур ва узви кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи мазкур мебошад.
Оиладор соҳиби панҷ фарзанд аст.