13 Jun 2025

                                                                                                                                   Бархе вижагиҳои забони ғазалҳои Ҳофиз

 Хоҷа Шамсуддин Муҳаммад Ҳофиз (1325-1389) аз баргузидатарин суханварони ва яке аз беҳтарин адибони тоҷик ва кулли форсизабонони олам мебошад. Ашъори баландпарвозаш ӯро ҳануз дар даврони зиндагиаш бо лақабҳои «Лисонулғайб» ва «Ҷаҳонуласрор» машҳур гардонида буд.

Хусусиятҳои забони ғазалҳои Ҳофиз ҳамеша таваҷҷуҳи пажуҳишгаронро ба худ ҷалб намуда, дар ин робита корҳои тадқиқотии зиёд анҷом гирифтаанд. Ҳатто дар кишварҳои хориҷии дуру наздик осори ӯ ба забонҳои гуногуни дунё тарҷумаву мавриди таҳқиқ қарор гирифтааст. Таъсири ғазалҳои Ҳофиз ба ашъори шоирони дигари тоҷик ва форсизабонон ба ҳамагон маълум аст.

Абдураҳмони Ҷомӣ ба бештар аз бист ғазали Ҳофиз тазмин бастааст. Вожагону таъбирҳои Ҳофиз дар ашъори шоирони ғазалсарои баъдӣ хеле зиёданд. Масалан, дар ашъори Ҷомӣ вожаву таъбиру ибораҳое чун турки ошиқкуш, ҷавҳари фард, масти бода, кӯйи муғон, аз дида равон шудан, хуни дилро дидан мумкин аст, ки дар зери таъсири байтҳои Ҳофиз аз ашъори ӯ ба миён омадаанд.

Ҳофиз дар ғазалиёти худ аз истилоҳоту вожаҳои марбут ба мусиқӣ ба таври фаровон ва бо камоли устодиву ҳунармандӣ истифода кардааст. Як бахши ин истилоҳот ба монанди зер, бам, зарб, мизроб, хунёгар, гулбонг, парда, тарона, дастон, хушилҳон, соз, наво, рубоб, чанг, най, танбӯр имрӯз ҳам таркиби мусиқии моро ташкил дода, ба ҳама фаҳмоанд. Вале як бахши дигар, ба монанди абрешим (тори соз, тори асбобҳои мусиқӣ), паҳлавӣ (номи нағма), самоъ (рақсу суруд, ваҷд), зарби усул (бо усул дастак ва ангуштак задан), хусравонӣ (яке аз оҳангҳои қадим), сафир (овоз, овози булбул), раг харошидан (киноя аз торро ба садо овардан) истилоҳҳои хоси давраи Ҳофизу замони пешин буда, имрӯз то ҷое аз истеъмол берун мондаанд:

Дар ғазалҳои ба табиат бахшидаи Ҳофиз вожаву ибораҳои асили тоҷикӣ ба таври фаровон истифода шудаанд. Таваҷҷуҳ ба зебоиҳову манзараҳои табиат, васфи рангу бӯй ва тасвири баҳору гулафшонии он дар эҷодиёти Ҳофиз ҷойи намоёнро ишғол мекунад. Ӯ дар тасвиру инъикоси лаҳзаҳову лавҳаҳои рангини манзараҳои табиат дасти тавоно дошта, дар ин сурудаҳо вожаҳои баҳор, гул, сабза, мужда, булбул, бунафша, маҳваш, бӯстон, боғ зиёд вомехуранд.

Ҳофизи Шерозӣ дар ҳама навъҳои шеър, аз қабили қасида, рубоӣ, маснавӣ ва ғайра аз худ осори гаронбаҳое гузоштааст. Вале ӯ устоди ғазал буда, ҳунари ғазалсаройиаш ба арши аъло расида будааст. Суханварони дигар, ки баъд аз ӯ ба майдон омадаанд, ба монанди Соиб, Урфӣ ва дигарон, ҳарчанд табъи олии ғазалсароӣ доштаанд, аммо осори онҳо ба пояи ғазалҳои Ҳофиз нарасидаанд.

Осори Ҳофиз барои дар пояи меъёр ба як низоми адабӣ даровардани забони адабӣ, шаклҳои вожасозӣ, истифодаи истилоҳот ва ба меъёрҳои дастурӣ мувофиқ будани забони адабӣ то ба имрӯз ҳамчун намуна ва улгу хидмат мекунад.