ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ФАРҲАНГНИГОРИИ ТОҶИК
Фарҳангҳои тафсирӣ инъикосгари сарвати луғавии халқ ва яке аз муҳимтарин василаи боло бардоштани савияи забондониву забономӯзии аҳли ҷомеа мебошад. Ганҷинаи кохи баланду бегазанди сухан ва вожагони забони тоҷикӣ шумораи зиёди фарҳангу луғатномаҳои умумӣ ва тафсирии забон мебошад, ки теъдоди то ба ҳол маълумро донишмандон аз 200 то 250 китоб донистаанд. Сайри таърихӣ ва густаришу такомули фарҳангнигорӣ дар забони тоҷикӣ аз тарафи муҳаққиқон ва донишмандони зиёде мавриди пажуҳиш ва таҳлил қарор гирифта, дар ин бора садҳо китобу ҳазорон мақола навишта шудааст, ки танҳо навиштани номи онҳо чанд ҷилд китоб хоҳад шуд. Фақат ҳаминро метавон зикр намуд, ки дар шароити имрӯзии рушди фарҳангнигории ҷаҳон таҳияи фарҳангҳои умумии тафсирҳ ҳадафҳои мушаххаси илмиву амалӣ дорад.