15 Apr 2025

    Дар охири солҳои 30-юм ва ибтидои солҳои 40-уми асри XX оид ба забони тоҷикӣ, дастур, имло ва истилоҳоти он як силсила қарорҳо қабул ва дар асоси он ба низоми дастурӣ, имло ва истилоҳоти он тағйиротҳое, ворид гардид, ки боиси баҳси доманадори пажуҳишгарон дар ин давра гардид.

   Ин баҳсу мунозираҳо бо мақолаи бунёдии устод Айнӣ бо номи «Оид ба вазъияти забоншиносии тоҷик» (1952) анҷом меёбад ва тафсилоти навиштани ин мақоларо ёдовар мешавем.