Таърихи такомул ва ташаккули забонҳои эронӣ дар муддати се садаи охир аз тарафи пажўҳишгарони эроншинос то андозае таҳқиқ шудааст. Аксари ҷанбаҳои асосӣ ва куллии он дастраси ҳамагон гардидааст. Махсусан, таърихи давраҳои бостонии инкишофи забони мо, хосатан асрҳои қадим ва миёна дар ин муддат аз тарафи муҳаққиқони зиёде мавриди баррасӣ қарор гирифта, дар ин бора асарҳои зиёди илмӣ, илмиву оммавӣ иншо шудааст. Фақат номбар кардани чанд асари бунёдии таҳқиқи забонҳои эронӣ ва халқҳои эронитабор, аз қабили «Асосҳои филологияи Эрон» (Grundriss der iranischen philologie ба забони олмонӣ) ва Aсосҳои забоншиносии эронӣ ба забони русӣ (Основы иранского языкознания) ва асарҳои муҳаққиқон ва пажўҳишгарони мўътабари дигар кофист, ки то ба умқ ва ҷиддияти ин таҳқиқот боварӣ ҳосил намоем. Вале ҳанўз ҳам ин масъалаи барои тамаддун ва фарҳанги халқҳои эронинажод ва махсусан халқи тоҷик сарнавиштсозу муҳим саҳифаҳои норавшану торику ногушуда зиёд дорад ва ҳатто бархе масъалаҳои мубраму бунёдии он баҳснок буда, таҳқиқ ва пажӯҳишҳои амиқи илмӣ мехоҳад...