Бузургони илму адаби миллати тоҷик дар таърихи чандҳазорсолаи фарҳангу тамаддуни мо барои худогоҳии миллӣ ва худшиносиву тарбияи ахлоқии ҳамзамонон ва наслҳои оянда нақши боризе гузоштаанд. Устод Садриддин Айнӣ яке аз ин гуна абармардон мебошад, ки дар як давраи сарнавиштсози таърихи миллати тоҷик ба майдон омада, дар пешрафту густариши илму фарҳанг ва таъриху тамаддуни он нақшиҳалкунанда бозидааст. Садриддин Айнӣ на танҳо ҳамчун адиб ва нависандаи забардаст, муаллифи асарҳои дарҷаҳон машҳури «Одина», «Дохунда», «Ғуломон», «Марги судхур», «Ёддоштҳо», балки чун донишманд ва олими забардасти риштаҳои мактабу маориф, таърих, адабиётшиносӣ, забоншиносӣ ва фарҳангнигорӣ маълуму машҳур аст.