Дастурнависӣ ва забони точикӣ
Забони тољикї ба њайси яке аз забонњои ќадимтарини бохати дунё дорои ќоидањои дастурии устуворе буда, ба аќидаи устод Айнї «грамматикаи сахтљон»-и он аз давраи оѓозин то ба имрўз меъёру ќоидањои худро дар њолати устувор нигоњ дошта омадааст. Дастур дар забони тољикї маънои «ќоида, ќонун, равиш»-ро дошта, аз садаи XIX ба маънои «грамматика» ба кор рафта аст. Аз рўи бархе маълумотњо аввалин шахсе, ки ин вожаро ба маънои маљмўи ќоидањои забон корбаст намудааст, Мирзо Њабиби Исфањонї мебошад, ки рисолаи худро дар бораи сохтор ва сохтмони забони форсї «Дастури сухан» (1868) номгузорї намуд.
Ў дар Истамбул ин асари худро бо таклид ба дастурнависии аврупої тањия намуда, асосан ба пажўњиши сарф (морфология) такя намуда, њиссањои нутќро ба дањ гурўњ таќсимбандї кардааст. Сохтори забон аз се дастгоњ вожагонї, дастурї ва савтї иборат аст. Дастгоњи дастурї баробари дастгоњи вожагонї ва савтї ањамият дорад. Бинобар ин дар канори вожањое, ки фард фаро мегирад, ќоидањои нањвии онњоро њам бояд биёмўзад.