05 May 2017

Донишманди асил

Зиёӣ кист ва дар зиндагии ҷомеа чӣ нақше дорад? Имрӯзҳо дар даврони Истиқлолият мафҳуми зиёӣ, равшанфикр маънои тозае ба худ касб намудааст. Имрӯз зиёӣ равшангари роҳи аҳли ҷомеа ба сӯйи ояндаи дурахшони миллат аст. Миллате, ки баъд аз ҳазор соли бедавлатӣ соҳиби давлати миллӣ шудааст. Тавре Пешвои миллат дар мулоқот бо зиёиёни кишвар (20.03.2017) мефармоянд: «… Зиёии асил дар раванди ташаккул ва тавсеаи тафаккури миллӣ ҳамеша фаъол буда, ба раванди пешрафти маънавиёти ҷомеа таъсир мерасонад».

28 Mar 2017

Ҷилваи нави Наврӯз дар замони соҳибистиқлолӣ

Имсол ин ҷашни бостонии ориётаборон, ҷашни аҷдодии тоҷикон-Наврӯз бо рангу бӯи тоза ба кишвари тоҷикон қадам гузошт. Ҷашни Наврӯз таърихи деринаи бостонӣ дошта, он аз қаъри асрҳо сарчашма мегирад. Ниёгони мо ин ҷашнро аз насл ба насл, марҳала ба марҳала аввал ба таври шифоҳиву дарку фаҳмиши ботиниву зеҳнӣ ва баъд бо пайдоиши хат дар асарҳои хеш ба таври хаттӣ сабт намуда, то ба имрӯзиён расониданд.

27 Mar 2017

Пажӯҳиши судманд дар имлои забони тоҷикӣ

Аз ҷумлаи муҳимтарин кашфиёти инсонӣ хат ба шумор меравад, ки тамоми ёдгориҳои миллатро ҷовидона месозад ва маҳз халқи дорои хат соҳиби тамаддуни асаргузор ва фарҳанги қадими густардаву  мондагор мебошад.

04 Mar 2017

Симо зебо, пайкар тавоно бошад

Дар давраҳои гуногуни таърих забони модарии мо барои дигар қавму халқҳои минтақа, мақоми забони илму адаб, коргузорӣ, расмӣ ва байналмилалиро ба уҳда дошта ва имрӯз  дар раванди барпо кардани давлати навини тоҷикон ҳамчун як рукни асосӣ нақши муассир ва сарнавиштсоз бозида  истодааст.

28 Feb 2017

Баргашти ҳарфи «ц» ба алифбои забони тоҷикӣ халалдор кардани густариши табиии забон ва ба сари он бор кардани «қолабҳои сунъии бегона» мебошад

Меъёрҳои забони адабӣ ва муайян кардани имлои забони адабӣ ба сиёсати давлатӣ оид ба густариши забони давлатӣ сахт алоқаманданд. Бинобар ин, масъалаҳои рушди забони модарии мо дар даврони Истиқлолият доимо дар маркази таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Дар робита ба масъалаи меъёрҳои забони адабӣ ва поку беолоиш нигоҳ доштани он Президенти кишвар дар суханронии хеш ба муносибати Рӯзи забон (Ҷумҳурият, 23 июли соли 2009) чунин таъкид намуда буданд:

Страницы