27 Mar 2017

Аз ҷумлаи муҳимтарин кашфиёти инсонӣ хат ба шумор меравад, ки тамоми ёдгориҳои миллатро ҷовидона месозад ва маҳз халқи дорои хат соҳиби тамаддуни асаргузор ва фарҳанги қадими густардаву  мондагор мебошад. Хат дастоварди ҳама инсоният аст ва ба таъбири Маликушшуаро Баҳор: «Набояд пиндошт, ки хат якбора дар гӯшае аз ҷаҳон аз тарафи як ё чанд тан ба таври комиле ихтироъ шудаву аз он ҷо ба соири ҷойҳо ба армуғон рафтааст ва ё ҳар қавме барои худ хатте комилу зебо сохта, онро ба дигарон омӯхтаанд, балки бояд донист, ки асли хутути олам аз нақш кардани пиндору тасаввури башарӣ бо сурате сода ва орӣ аз санъату кӯдакона бархостааст».

Хат бо забон робитаи ногусастанӣ дошта, ба гунае шакли зоҳирии забон аст, аз ҷиҳати дигар дар пешравӣ ё ақибравии  он низ бе нақш нест. Ҳамин робитаи зичи хату забон аст, ки тағйиру дигаргунӣ дар яке, ҳатман, тағйиру дигаргунии дигареро дар пай дорад. Ва дигаргун ва ё азнавнамоии хати миллате хати бутлон задан ба гузаштаи он миллат ва фосила эҷод намудан дар хат машйи он аст. Ба таъбири шомилтар, бо ҳар хатте наметавон ҳар забонро навишт ва ҳар забонро наметавон дар қолаби ҳар хатте баён кард.

Таъйиди гуфтаҳои мазкурро дар забони форсии тоҷикӣ, ки реша дар чандин қуруни пеш аз милод дорад, метавон дарёфт намуд, чун «овозҳои забони тоҷикӣ дар давраҳо ва марҳилаҳои дуру дарози таърихӣ суфта гардида, ба ҳолати имрӯзии худ расидаанд» ва дӯш ба дӯши овову сохтори забон хат низ бевосита ва ё бавосита ба дигаргунӣ рӯбарӯ шудааст.

Воқеан, яке аз масоили баҳсбарангез дар забоншиносии тоҷик, чи дар замони Шӯравӣ ва чи дар замони соҳибистиқлолият, масъалаи имло ва хати тоҷикӣ мебошад, ки то ҳанӯз бар он нуқта гузошта ва сухани охир гуфта нашудааст.

Боиси фараҳмандист, ки ахиран аз ҷониби матбааи «Андалеб-Р» китобе таҳти унвони «Имло ва забони адабӣ» дар 319 саҳифа ба нашр расид, ки ба қалами донишманди сермаҳсул ва забоншиноси варзидаву шинохтаи тоҷик устод Сайфиддин Назарзода тааллуқ дорад. Мундариҷаи китоби мазкур, ки дар баробари сарсухану замимаҳо боз шомили чаҳор боб аст, парда аз бисёр розҳое бармедорад, ки имлои тоҷикиро дар таърих, хусусан дар замони Шӯравӣ фаро гирифта буд.

Дар боби аввали «Имло ва забони адабӣ», ки дарбаргирандаи чаҳор фасл аст, муаллиф ба барраси хат ва имлои забонҳои эронии бостон (авестоӣ, форсии бостон) ва миёна (форсии миёна, портӣ, бохтарӣ, суғдӣ, хутану сакоӣ), ки ба забони тоҷикӣ хешовандӣ дошта, ба низоми дастурӣ ва вожагонии он таъсиргузор будааст, пардохта, дар ин самт такя ба муътабартарин китобҳои ватаниву хориҷӣ ва катибаҳои ёфташуда аз осори тоисломии форсии тоҷикӣ намудааст. Ҳамзамон, дар ин қисмат атрофи хати арабиасоси форсӣ, ки тӯли беш аз ҳазор сол дар хидмати забони форсии тоҷикӣ будааст, сухан рафтааст. Дар ин бахши китоб муаллиф танҳо ба овардани чигунагии алифбо ва хусусиятҳои хат маҳдуд нагашта, аз вижагиҳои дастурӣ ва вожагонии забони қадимаи форсии тоҷикӣ сухан дар миён овардааст, ки дарвоқеъ хонданӣ ва ҷолиби диққат аст. Чун дар ин бахш маълумоти ҳангуфти забоншиносӣ дар робита ба забони тоҷикӣ бо равиши таърихӣ-муқоиасавӣ  оварда шудааст, ки дар кам китобе метавон чунин маълумотеро пайдо кард.

Устод С.Назарзода дар таълифу таҳияи ин китоб амонати илмиро нигоҳ дошта, атрофи ҳар марҳилаи таърихии хат ва забони тоҷикӣ бе таассубгароӣ сухан гуфтааст ва хидмати ҳар хатеро дар рушду пешрафти забон таъкид менамояд. Чунончи номбурда аз истилову хилофати араб, ки дар таърих боиси сукути дусадсолаи забони форсии тоҷикӣ гардидааст, ҳикоят намуда, ҳамзамон бар ин нукта таъкид месозад, ки «имлои забони адабии мо то гузаштан ба хати лотинӣ дар асоси хати арабиасоси тоҷикӣ сурат мегирифт ва он таърихи ҳазорсола дошта, дар муддати тӯлонии таърихи забон ва фарҳангии мо суфта гардида, ба меъёрҳои забони адабии мо нисбатан мувофиқ шуда буд. Алифбои арабӣ барои забони тоҷикӣ дар ибтидои истилои араб мувофиқ гардонида шуда буд» (С.Назарзода. Имло ва забони адабӣ, с.73).

Бобҳои дувум ва савуми «Имло ва забони адабӣ» аз муҳимтарин ва ҷолибтарин бахшҳои китоб ба шумор меравад, чун дар ин қисмат масъалаҳои хат ва имлои забони тоҷикӣ дар даврони Шӯравӣ ва замони соҳибистиқлолӣ ба риштаи таҳрир кашида шудааст. Муаллиф тағйироти имло ва хати забони тоҷикиро дар даврони Шӯравӣ як масъалаи сирф сиёсӣ ба қалам дода, ишора месозад, ки чунин дигаргуниву тағйирот ҳеҷ пояи милливу илмие надошт. «Табдили  алифбои суннатии тоҷикӣ бо расмулхати арабӣ ба лотинӣ аввалан таҳти таъсири пантуркизми минтақавӣ ва сониян зери нуфуз ва асари таҳрикомез ва мафтункунандаи солҳои аввали инқилоб дар хусуси «барафкандани дунёи куҳан» ва «бунёди ҷаҳони нав», ки ҳама дар он бародару баробаранд, сурат гирифт. Дар ин меҳроби бародарию баробарии инқилоб фидо кардани алифбое қурбонии чандон гароне ҳисоб намешуд. Вагарна бо тағйиру табдили алифбо, ба назари мо, ҳеҷ зарурати муҳимми илмӣ ва фарҳангии тоҷикӣ бароварда нашуд» (С.Назарзода. Имло ва забони адабӣ, с.89), балки ба гунае тоҷикро аз таърихи гузаштааш муддате дар фосила гузошт. Ҷойи дигар муаллиф ин нуктаро возеҳтар намуда, таъкид менамояд, ки «алифбои лотинӣ дар давоми умри хеш дар забони тоҷикӣ нақши худро иҷро карда натавонист ва сабабҳои гузар ба алифбои русиасоси тоҷикӣ бештар ҷанбаи сиёсӣ дошт» (С. Назарзода. Имло ва забони адабӣ, с.101).

Замимаҳо фарогири ҷамъбасти анҷуманҳо ва қоидаҳои имлоиест, ки сар аз солҳои 30-юми асри гузаштаи даврони Шӯравӣ то қабули охирин Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ, ки дар замони соҳибистиқлолӣ ва ба соли 2011 рост меояд, дарбар мегирад. Маводи дар ин бахш фароҳам овардашуда ба пажӯҳишгари забон имконият медиҳад, то ба сайри таърихии беш аз нимасраи қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ назар андохта, ба таҳаввулу дигаргунӣ ва зери таъсири пантуркизму манфиатҳои ғайримиллӣ мондани он огоҳӣ пайдо намояд.

Бе тардид, «Имло ва забони адабӣ»-и устод С.Назарзода доиратулмаорифи мухтасаре оид ба таърихи имло ва меъёри навишти забони тоҷикӣ буда, хонанда бо мутолиаи он ба бисёре аз суолҳои худ дар робита ба пазириши хати русиасосӣ тоҷикӣ посухи илмӣ ва қонеъкунанда пайдо намояд.

Р.Шодиев

К.Исмонов

устодони ДМТ

(Адабиёт ва санъат, 17-уми марти соли 2014, №11-12 (1879), с.14)