10 Aug 2017

ҲАСАД ё БУХЛ?!!

Бо арзи эҳтиром ба маълумоти хонандагон мерасонам, ки чун ҳазорон падари ин сарзамин, банда низ фарзандам Назарзода Фирдавсро санаи 30.07.17 хонадор намудам. Аммо аз чӣ бошад, ки дар Телевизиони Тоҷикистон рӯзи 08.08.17 барномае пахш гардид, ки як бахши он ба тӯйи писари ман алоқаманд буд ва дар барнома аз ман ном гирифта шуд, ки гӯё дар тӯйи писарам ба қонунвайронкунӣ роҳ дода бошам. Аммо чун ҳақиқат чизи дигар аст, тасмим гирифтам, ҳақиқатро ба хонандагон бирасонам.

22 Jul 2017

«ҚОНУНИ ЗАБОН» РИСОЛАТИ ХУДРО ИҶРО КАРД

Таърих ва фарҳанги миллати бостонии мо ба забони модарӣ пайванди ногусастанӣ дорад. Яъне забон аст, ки тавассути он халқ ва миллати кӯҳанбунёди тоҷик таърих ва фарҳанги худро ба ҷаҳониён расондааст. Забон ҳамзамон бо пайдоиши инсоният ба вуҷуд омада, на танҳо василаи муошират ва алоқаи байни инсонҳо, балки воситаи баёни тафаккуру андеша ва абзори ифодаи фарҳангу таҷрибаи инсоният, ки дар садаҳои тӯлонӣ ҷамъ овардааст, маҳсуб мешавад. Забон таҷассумгари тарзи ҳаёт, расму русум, анъана ва дониши гузаштагон барои имрӯзиён аст.

08 Jul 2017

Сайфиддин Назарзода: Тоҷикистонро аз гирдоби ҷанги хонумонсӯз хиради азалии Эмомалӣ Раҳмон наҷот дод

Профессор Сайфиддин Назарзода бар ин назар аст, ки Тоҷикистонро аз гирдоби як ҷанги хонумонсӯз хиради азалии Эмомалӣ Раҳмон наҷот дод.
Директори Китобхонаи миллӣ, ки ахиран дар барномаи “Асолат”-и телевизиони “Сафина” суҳбат мекард, гуфт, ки «Мардуми тоҷик мардумест,  дар тамоми муддати таърихе, ки дар сарзамини худ зиндагӣ кардааст, ҳуҷуми бениҳоят зиёд ақвому халқҳои бегонаро дидааст.  Чунончӣ муҳаққиқи рус Николай Павлов дар китоби худ бо номи «Таърихи Туркистон» менависад: «Мардуми тоҷик аз ҳама мардуми сахтсаре ҳаст, ки агар ба ӯ андак имконият дода шавад, мисли мурғи Самандар аз нав эҳё мешавад».

08 Jul 2017

ҶОЙГОҲИ БАЛАНДИ Ӯ АЗ ЗАҲМАТ АСТ

Дар даврони авҷ гирифтани равандҳои ҷаҳонишавӣ, ки на танҳо забонҳо, балки миллатҳо аз байн рафта истодаанд, қавму миллате, ки аз таърих ва ташаккули забони хеш бархӯрдор нест, онро ҳимоя карда наметавонад. Боиси хушнудист, ки дар даврони бархӯрди забонҳо забони тоҷикиро сипарҳои устуворе дар мисоли забоншиносони донишманд дифоъ мекунанд.
Яке аз забоншиносони машҳури тоҷик доктори илмҳои филологӣ, профессор Сайфиддин Назарзода мебошанд. Хизматҳои номбурда барои пешбурди забони тоҷикӣ ва ҳимояи он аз унсурҳои бегона дар китобу мақолаҳо инъикос гардидааст. С. Назарзода ба омода намудани забоншиносони ҷавон майлу рағбати беандоза дошта

07 Jul 2017

РАҲНАВАРДЕ ДАР ЗАБОНШИНОСӢ

«Маҷмӯаи вожаву истилоҳоте, ки миллатҳои гуногуни ҷаҳон дар тӯли таърихи мавҷудияти худ сохта ва ба кор бурдаанд, оинаест, ки дар он шеваи зиндагии суннатӣ ва фарҳангу тамаддуни онҳо мунъакис гардидааст. Баррасии таърихи ташаккули истилоҳот бисёр лаҳзаҳои печидаи ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоӣ ва ҳатто дараҷа тараққиёти ин ва ё он соҳаро дар марҳилаҳои мухталифи шаклгирии миллатҳо равшан месозад. Ин луғоту истилоҳот дар ҳеҷ забон муддати дароз собит намемонанд. Ҳар андешаи нави маънавӣ ва ҳар падидаи тозаи моддӣ, ки дар ҷомеа пайдо мешавад, тағйирот ва дигаргуние дар низоми вожагон ва истилоҳоти ҷории забони он ҷомеа падид меоварад». Истилоҳ барои дарку фаҳми ин ё он соҳа нақши калидӣ дорад, ҳамзамон, заминаҳои

Страницы