Дар сайти расмии Агентии коррупсия раддияи ин идораи муътабар оид ба иштироки кормандони он (Одинамаҳмадзода П., Розиқзода Ҳ. ва дигарон, ки номи онҳоро худи Одинамаҳмадзода П. медонад), вале ош нахӯрдани онҳо баромадааст. Онҳо гӯё барои назорат ва тартиб додани ҳуҷҷат (дар сурати содир шудани ҳуқуқвайронкунӣ) омада бошанду халос. Мо аз Агентӣ изҳори сипос мекунем, ки ҳадди ақалл иштироки кормандони худро бар уҳда гирифтааст. Фақат бояд Агентӣ шарҳ медод, ки оё аз рӯи қонунгузорӣ кормандони коррупсия ҳақ доранд, ки ба танҳоӣ ва пинҳонӣ ба оши наҳор рафта, иштирок карда, ош хӯрда, баъд аз се рӯз санад тартиб диҳанд? Оё имкон дорад, ки шоҳидонро (Аҳёев Б., Насриддинов А.) дар рӯзи 31.07.17 пурсида, санадро рӯзи 29.07.17 таҳия намоянд?