Дар даврони Истиқлолият як зумра донишмандони забоншинос ба воя расиданд, ки саҳму хидмати онҳо дар рушду густариши забони тоҷикӣ нақши муҳимме дорад. Абдусалом Мамадназаров яке аз онҳост. Фаъолияти илмиву омўзгории ин марди фозил аз ибтидои солҳои 80-уми садаи гузашта бо даргоҳи муқаддаси илму маърифат – Донишгоҳи миллӣ сахт иртибот дошта, ў дар ин боргоҳ аз омўзгори одӣ то ба профессори кафедраи забони англисии факултети забонҳои Осиё ва Аврупо камол ёфтааст. Ман ифтихор дорам, ки бо ин марди шариф аз ибтидои солҳои 80-ум ошно ҳастам ва солҳои зиёде якҷо фаъолияти илмиву омўзгорӣ доштем. Асару мақолаҳое, ки ў дар байни ин солҳо офаридааст, аз лиҳози умқи пажўҳиши илмӣ сабку услуб, тарзи таҳия, ҷобаҷогузории мавод, ҷамъоварии осор ва тарзи пешбурди кори илмӣ хусусиятҳои хосе дорад ва ўро аз байни донишмандони дигар фарқ мекунонад. Яке аз асарҳои муҳимми илмии ў «Ташаккул ва густариши фарҳангнигории тарҷумавии тоҷикии асри ХХ ва ибтидои асри ХХI» (Станавление и развития таджикской переводной лексикографии ХХ и начало ХХI в.) (2016) ба яке масъалаҳои муҳимми забоншиносии тоҷик-фарҳангнигорӣ бахшида шудааст. Ин асар аз чор боб иборат буда, дорои замима – феҳристи фарҳангҳои гуногунсохт ва гуногунҳаҷми тоҷикии тафсирӣ, дузабона, махсус ва ғайра мебошад. Ин асар ҳарчанд ба масъалаҳои омўзишу таҳқиқи фарҳангҳои тарҷумавӣ бахшида шуда бошад ҳам, дар он роҷеъ ба масъалаҳои назарии фарҳангнигорӣ, фарҳангҳои забони тоҷикӣ дар тамоми давраи рушди ин забон маводи фаровони илмӣ ҷамъоварӣ шуда, бо таваҷҷуҳи хоси як донишманди мумтоз мавриди пажўҳиш ва баррасии амиқи илмӣ қарор гирифтааст. Танҳо аз рўйи шумораи фарҳангҳое (270 фарҳанг), ки ў ҷамъоварӣ кардааст, оид ба гуногунҷабҳа ва васеъ будани пажўҳишҳои ў маълумот пайдо кардан мумкин аст. Боби аввали асар ба масъалаҳои назарии фарҳангнигорӣ бахшида шуда, аз чор фасл иборат аст. Дар ин боб мақому манзалати илми фарҳангнигорӣ дар сохтори илми забоншиносии муосир дар асоси дастоварди осори забоншиносони ҷомеаи муосир нишон дода шуда, дар зимн праблемаву масъалаҳои мубрами ин бахш дар замони ҷаҳонишавӣ нишон дода шудааст. Махсусан, коркарди сохтории фарҳангҳои типи нав ва ҷавобгў будани онҳо ба талаботи замони муосир дар ин бахш кор хеле мўшикофона таҳқиқ шудааст. Боби дувуми асар «Аз таърихи ташаккул ва густариши фарҳангузории тоҷику форс» ба масъалаҳои таърихи ташаккули фарҳангнигории тоҷик аз давраҳои бостон то имрўз бахшида шудааст. Барои беҳтар шудани равиши кор муаллиф дар давраи охири фарҳангнигорӣ ташаккули фарҳангнигориро ба минтақаҳои Эрону Тоҷикистон ҷудо карда мавриди пажўҳиш қарор додааст. Дар ин боб таърихи фарҳангнигории тоҷикро аз аввал то ба ҳол ба панҷ давра ҷудо кардааст, ки чунинанд:
1. Фарҳангнигории тоисломӣ
2. Фарҳангнигории форсии нав (форсии дарӣ)
3. Фарҳангнигорӣ дар асрҳои XVI-XVII
4. Фарҳангнигорӣ дар асрҳои (XVIII-XIX)
5. Фарҳангнигорӣ дар асри ХХ ва ибтидои асри ХХI
Фасли дигари ин боб «Фарҳангнигории тарҷумавӣ» ном дошта аз бахшҳои фарҳангнигории русӣ-тоҷикӣ, тоҷикӣ-русӣ, англисӣ-тоҷикӣ, тоҷикӣ-англисӣ, форсӣ-русӣ ва русӣ-форсӣ ва англисӣ-форсӣ ва форсӣ-англисӣ иборат аст. Пажўҳиши ин масъала бо ин шаклу сурат дар забоншиносии тоҷик бори нахуст сурат мегирад ва яке аз навгониҳои асосӣ низ таҳқиқи муқоисавии ин гуна фарҳангҳо дар забони тоҷикӣ ва забони англисӣ аст.
Боби сегона «Таҳлили муқоисавии намудҳои асосии фарҳангҳои тоҷикӣ ва англисӣ яке аз бобҳои асосии асар буда дар он дар бораи тамоми намудҳои фарҳангҳои тоҷикӣ ва англисӣ (аз фарҳангҳои энсиклопедӣ, тарҷумавӣ, тафсирии якзабона, паҳлавӣ, забони шоирону нависандагон, фразеологӣ, омонимӣ, антонимӣ, решашиносӣ, бисомадӣ, баръакс ва ғайра) маълумоти муфассал дода шуда, хусусиятҳои хоси ҳар яке аз онҳо мавриди пажўҳиши илмӣ қарор гирифтааст. Дар охири ин боб самтҳои рушди фарҳангнигорӣ дар бахши фарҳангҳои тарҷумавӣ муайян карда шудааст, ки барои истифода аз тарафи мутахассисон хеле муфид хоҳад буд. Пешниҳодҳои муаллиф дар бораи таҳияи луғатҳои баръакс, идеографӣ, лаҳҷавиву шевагӣ ҳусни баён (тарзи дуруст сухан гуфтан), таркибҳо, оморӣ ва ғайра, ки баъзеи онҳо умуман дар забоншиносии тоҷик вуҷуд надоранд, хеле саривақтӣ ва муфид буда, ҷавобгўӣ шароити имрўзаи вазъи забони тоҷикӣ аст. Дар ин боб роҷеъ ба вазъи фарҳангнигории англисӣ ҳам маводи зарурӣ бо пешниҳодҳои муаллиф пешниҳод шудааст, ки аз ақалияти илмӣ холӣ нест.
Боби чорум «Принсипҳои таҳияи фарҳангҳои тарҷумавии муосир» ба тарзи таҳияи фарҳангҳои тарҷумавӣ бахшида шудааст. Дар ин боб, ки аз нуҳ зерфасл иборат аст, муаллиф бештар ба сохтори фарҳангҳои тарҷумавӣ таваҷҷўҳ карда, онҳоро аз рўйи сохтор, таркиби сарвожаҳо, ҷогузории пешванду пасвандҳо, ибораҳои рехта, таркиби калимаҳо, ихтисораҳо, ишораҳо, нишонаҳои овоӣ мавриди таҳқиқ қарор дода, дар охир мушкилоти тарҷумаи сарвожаҳо ва қисми тафсирии калимаро низ нишон додааст, ки аҳамияти калони илмӣ дорад. Хулосаи кор низ бо услуби хуби илмӣ навишта шуда, муқтавои мухтасари корро бо пешниҳодҳои муаллиф инъикос кардааст.
Хулоса, ин асари илмии Абдусалом Мамадназаров дар бахши таҳқиқи фарҳангҳои тарҷумавии забони тоҷикӣ аз лиҳозӣ аҳамияту қиммати илмӣ, навгонии кор, пажўҳиши амиқи ин бахши фарҳангнигорӣ яке аз асарҳои бунёдӣ ба ҳисоб рафтфа, барои таҳқиқи мукаммалтару муосиртари бахши фарҳангнигории тоҷик дар оянда ҳамчун як асари рўимизӣ барои забоншиносон ва дўстдорони забони ноби модарӣ хидмат хоҳад кард.
Назарзода С.