Таърихи такомул ва ташаккули забонҳои эронӣ дар муддати се садаи охир аз тарафи пажўҳишгарони эроншинос то андозае таҳқиқ шудааст. Аксари ҷанбаҳои асосӣ ва куллии он дастраси ҳамагон гардидааст. Махсусан, таърихи давраҳои бостонии инкишофи забони мо, хосатан асрҳои қадим ва миёна дар ин муддат аз тарафи муҳаққиқони зиёде мавриди баррасӣ қарор гирифта, дар ин бора асарҳои зиёди илмӣ, илмиву оммавӣ иншо шудааст. Фақат номбар кардани чанд асари бунёдии таҳқиқи забонҳои эронӣ ва халқҳои эронитабор, аз қабили «Асосҳои филологияи Эрон» (Grundriss der iranischen philologie ба забони олмонӣ) ва Aсосҳои забоншиносии эронӣ ба забони русӣ (Основы иранского языкознания) ва асарҳои муҳаққиқон ва