31 Aug 2020

Масъалаҳои мубрами номгузории забонҳои эронӣ ва  забони тољикӣ
Имрўзњо бањс дар бораи номи забони тоҷикӣ хеле пурдомана буда, баъзеҳо ба ифрот роњ дода, номҳои тоҷики ва дариро куллан рад намуда мехоҳанд танҳо форсиро барои номи забони модарии мо баргузинанд. Ҳарчанд ҳар се ном барои забони мо қобили қабул буда, аз умқи таърих сарчашма мегиранд. Ҳоло бубинем, ки номи форсӣ аз куҷо сарчашма мегирад ва таърихи пайдоиши он чи гуна аст.
Њарчанд таърихи такомул ва ташаккули забонњои эронї дар муддати се садаи охир аз тарафи пажўњишгарони эроншинос то андозае тањќиќ шудааст ва аксари љанбањои асосї ва куллии он дастраси њамагон гардидааст, вале њанўз њам ин масъалаи барои тамаддун ва фарњанги халќњои  эронинажод ва махсусан халќи тољик сарнавиштсозу муњим сањифањои норавшану торику ногушуда зиёд дорад ва њатто бархе масъалањои мубраму  бунёдии он бањснок  буда, таҳқиқ ва пажӯҳишҳои амиқи илмӣ мехоҳад. Ин масъалаҳо чунинанд: