Дар ҳафтаномаи – Фараж 25 апрели соли 2018 ҷавоби бахши иттилоотии Суди Олии ҶТ ба тадқиқоти журналистии ин ҳафтанома таҳти унвони «Парвандаи қалбакӣ: Собиқ раиси Китобхонаи миллии Тоҷикистон чӣ тавр «говсуд» шуд» (21-феврали соли 2018) чоп шуд. Ин ҷавоб як номаи «беҷавоб»-и ин мақоми олии судии Тоҷикистон ба масъалаҳои дар ин мақола матраҳгардида буда, боз ҳам сатҳӣ, рўякӣ ва якҷониба будани мавқеи сохторҳои судии ҷумҳуриро нишон медиҳад. Дар он боз ҳам ягон масъалаи гузошташуда мавриди баррасӣ қарор нагирифтааст. Дар ин ҷавоб омадааст, ки «Судяи суди ноҳия Исмоили Сомонӣ Исозода Х.И. парвандаро тибқи талаботи қонунҳои моддиву мурофиавии ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ…баррасӣ намудааст. Далелҳои … мавриди таҳқиқи пурра ва ҳаматарафа қарор гирифта ба онҳҳо баҳои дурусти ҳуқуқӣ дода шуда... кирдори Назарзода С. … дуруст банду баст карда… шудааст.» Дар урфият мегўянд: «Дузди зур соҳиби говро бастааст». Ин ҷавоби сатҳиро ба ҷуз аз ин гуна баҳогузорӣ дигар хел баҳогузорӣ кардан нашояд. Акнун асосан дар намунаи шоҳидии як нафар корманди Агентии зидди коррупсия Розиқзода Ҳ. дар Суд «дуруст банду баст кардани»парвандаро аз тарафи судя Исозода Х. таҳлил менамоем. Зеро Исозода Х. аз даъвату пурсидани шоҳидони асосӣ ва шахсони холис Одинамаҳмадзода П., Қодиров Ҷ. ва Ҷумаев Ф., ки як гурўҳи муташаккил буда, якҷо омада якҷо ба таври қалбакӣ санад таҳия намудаанд, ё аз тарс ё ба хотири тарафгирӣ даст кашид. Ҳол он ки яке аз талабҳои асосии мо то ба ҳол пурсидани ин шоҳидон аст.