12 Apr 2018

Бузургони илму адаби миллати тоҷик дар таърихи чандҳазорсолаи фарҳангу тамаддуни мо барои худогоҳии миллӣ ва худшиносиву тарбияи ахлоқии ҳамзамонон ва наслҳои оянда нақши боризе гузоштаанд. Устод Садриддин Айнӣ яке аз ин гуна абармардон мебошад, ки дар як давраи сарнавиштсози таърихи миллати тоҷик ба майдон омада, дар пешрафту густариши илму фарҳанг ва таъриху тамаддуни он нақшиҳалкунанда бозидааст. Садриддин Айнӣ на танҳо ҳамчун адиб ва нависандаи забардаст, муаллифи асарҳои дарҷаҳон машҳури «Одина», «Дохунда», «Ғуломон», «Марги судхур», «Ёддоштҳо», балки чун донишманд ва олими забардасти риштаҳои мактабу маориф, таърих, адабиётшиносӣ, забоншиносӣ ва фарҳангнигорӣ маълуму машҳур аст. Устод Айнӣ дар баробари таҳия ва эҷоди асарҳои адабӣ ва таърихӣ дар бораи забони адабӣ, лаҳҷа ва шеваҳои он, масъалаҳои имло, сабк ва услуби забонии адибону нависандагон, фарҳангнигорӣ ва истилоҳшиносӣ як силсила мақолаҳову асарҳо офаридааст. Гуфтан ба маврид аст, ки дар ин бахш ҳам ӯ баҳайси яке аз поягузорони илми забоншиносӣ дар асарҳои худ барои асолат ва покизагии забон, сода ва оммафаҳм намудани забони адабӣ, дастраси оммаи васеъ кардани захираҳои луғавии забон хеле заҳмат кашидааст. Ӯ яке аз аввалин муаллифони китобҳои дарсӣ барои мактабҳои нав, мураттиб ва муҳаррири нахустин «Луғати русӣ- тоҷикӣ» (1933-1934), «Луғати тоҷикӣ – русӣ» (1940) ва муаллифи нахустин фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ дар давраи нави рушди забон мебошад (1938). Гуфтан ба маврид аст, ки асарҳои илмиву адабии устод Айнӣ дар риштаи забоншиносӣ барои инкишофи забони адабӣ, истифода аз таҷрибаҳои пешгузаштагон, муайян кардани роњњои рушди забон, навсозӣ ва оммафањму сода кардани забон, аз усулњо ва меъёрњои таърихӣ истифода кардану зинда кардани вожањои қадимӣ ва омўхтани забони зиндаи мардум, ба таври интиқодӣ назар кардан ба осори адибону нависандагон аҳамияти калоне доштааст. Мулоҳизаҳои ӯ оид ба забон дар як қатор мақолаҳояш, ба монанди «Дар атрофи забони форсӣ ва тоҷикӣ»(1928), «Забони тоҷикӣ»(1928), «Ҷавоби ман (дар бораи забони адабии тоҷик)»(1929), «Мактуби кушод ба рафиқ Толис»(1948), «Забони Шоҳнома» (Куллиёт, 1963 љ.11), «Оид ба вазъияти забоншиносии тоҷик» (1952), «Дар бораи китобҳои мактабии тоҷикон» (Куллиёт, 1969, ч.9),  имрӯз ҳам аҳамияти илмии худро гум накарда, барои рушди минбаъдаи забони адабӣҳамчун як роҳнамо хидмат мекунанд. Махсусан, зебоиву асолати забон, тарзи дурусти истифодаи вожагон, такя ба осори адабии гузаштагон, эњёи вожањои куњан дар шакли  таърихӣ мањаки фаъолияти илмиву эљодии ў дар бахши забон аст...

Мақоларо ба шакли пурра аз ин ҷо метавонед пайдо кунед