Садриддин Айнӣ дар як давраи пурфоҷиаи таърих барои худогоҳии миллӣ, бедории мардуми тоҷик, ҳифзу нигоҳдории забони миллӣ, густариши фарҳангу тамаддун, инкишофи минбаъдаи давлатдории тоҷикон мубориза бурда, барои заминагузории давлатдории миллии тољикон хидматҳои босазое кардааст. Пешвои миллиат, Асосгузори сулху ваҳдати миллӣ, Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии хеш ҳини мулоқот бо зиёиёни кишвар (2008) дар бораи замони зиндагӣ ва фаъолиятиқаҳрамонона ва фидокоронаи фарзандони баруманди миллат дар ин давра, ки устод С. Айнӣ аз ҷумла онҳо аст, чунин изҳор намуд: «Маҳз дар ҳамин давра ҷунбиши миллие ба миён омад, ки бо номи Садриддин Айнӣ ва дигар фарзандони миллатдӯсти тоҷик алоқаманд аст, ки онро метавон ҳаракати шуубияи даврони шӯравӣ номид.»