10 Jun 2018

Адолати судӣ куҷост?

 

Дар ҳафтаномаи – Фараж 25 апрели соли 2018 ҷавоби бахши иттилоотии Суди Олии ҶТ ба тадқиқоти журналистии ин ҳафтанома таҳти унвони «Парвандаи қалбакӣ: Собиқ раиси Китобхонаи миллии Тоҷикистон чӣ тавр «говсуд» шуд» (21-феврали соли 2018) чоп шуд. Ин ҷавоб як номаи «беҷавоб»-и ин мақоми олии судии Тоҷикистон ба масъалаҳои дар ин мақола матраҳгардида буда, боз ҳам сатҳӣ, рўякӣ ва якҷониба будани мавқеи сохторҳои судии ҷумҳуриро нишон медиҳад. Дар он боз ҳам ягон масъалаи гузошташуда мавриди баррасӣ қарор нагирифтааст. Дар ин ҷавоб омадааст, ки «Судяи суди ноҳия Исмоили Сомонӣ Исозода Х.И. парвандаро тибқи талаботи қонунҳои моддиву мурофиавии ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ… баррасӣ намудааст. Далелҳои

12 Apr 2018

Айнӣ ва асосҳои навсозии забони адабӣ

Садриддин Айнӣ дар як давраи пурфоҷиаи таърих барои худогоҳии миллӣ, бедории мардуми тоҷик, ҳифзу нигоҳдории забони миллӣ, густариши фарҳангу тамаддун, инкишофи минбаъдаи давлатдории тоҷикон мубориза бурда, барои заминагузории давлатдории миллии тољикон хидматҳои босазое кардааст. Пешвои миллиат, Асосгузори сулху ваҳдати миллӣ, Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии хеш ҳини мулоқот бо зиёиёни кишвар (2008) дар бораи замони зиндагӣ ва фаъолиятиқаҳрамонона ва фидокоронаи фарзандони баруманди миллат дар ин давра, ки устод С. Айнӣ аз ҷумла онҳо аст, чунин изҳор намуд: «Маҳз дар ҳамин давра ҷунбиши миллие ба миён омад, ки бо номи Садриддин Айнӣ ва дигар фарзандони миллатдӯсти тоҷик алоқаманд аст, ки 

12 Apr 2018

Айнӣ ва имлои забони адабӣ

Бузургони илму адаби миллати тоҷик дар таърихи чандҳазорсолаи фарҳангу тамаддуни мо барои худогоҳии миллӣ ва худшиносиву тарбияи ахлоқии ҳамзамонон ва наслҳои оянда нақши боризе гузоштаанд. Устод Садриддин Айнӣ яке аз ин гуна абармардон мебошад, ки дар як давраи сарнавиштсози таърихи миллати тоҷик ба майдон омада, дар пешрафту густариши илму фарҳанг ва таъриху тамаддуни он нақшиҳалкунанда бозидааст. Садриддин Айнӣ на танҳо ҳамчун адиб ва нависандаи забардаст, муаллифи асарҳои дарҷаҳон машҳури «Одина», «Дохунда», «Ғуломон», «Марги судхур», «Ёддоштҳо», балки чун донишманд ва олими забардасти риштаҳои мактабу маориф, таърих, адабиётшиносӣ, забоншиносӣ ва фарҳангнигорӣ маълуму машҳур аст.

06 Apr 2018

Фарҳангнигори мумтоз

Дар даврони Истиқлолият як зумра донишмандони забоншинос ба воя расиданд, ки саҳму хидмати онҳо дар рушду густариши забони тоҷикӣ нақши муҳимме дорад. Абдусалом Мамадназаров яке аз онҳост. Фаъолияти илмиву омўзгории ин марди  фозил аз ибтидои солҳои  80-уми садаи гузашта бо даргоҳи муқаддаси илму маърифат – Донишгоҳи миллӣ сахт иртибот дошта, ў дар ин боргоҳ аз омўзгори одӣ то ба профессори кафедраи забони англисии факултети забонҳои Осиё ва Аврупо камол ёфтааст. Ман ифтихор дорам, ки бо ин марди шариф аз ибтидои солҳои 80-ум ошно ҳастам ва солҳои зиёде якҷо фаъолияти илмиву омўзгорӣ доштем. Асару мақолаҳое, ки ў дар байни ин солҳо офаридааст, аз лиҳози умқи пажўҳиши илмӣ сабку услуб, тарзи таҳия, ҷобаҷогузории 

06 Apr 2018

Забони тоҷикӣ унсури худшиносии миллист

Дар бораи таърихи ташаккули халқи тоҷик ва забони он дар байни донишмандон баҳсу мунозираҳои зиёде сурат гирифтааст, ки бештари ин баҳсҳо ба давраҳои охир, асосан ба садаи ХХ, аниқтараш ба давраи шўравӣ ва таъсиси ҷумҳурии мухтор (1924) ва ҷумҳурии шўравии сотсиалистии Тоҷикистон (1929) ва баъд аз он рост меояд. То даврони шўравӣ халқҳои сарзамини Осиёи Миёна (на танҳо, балки дар ҳайати халқҳои дигари давлати шўравӣ) аз рўи аломати миллӣ тақсимбандӣ нашуда буданд ва ин таҷриба ҳам барои бори аввал дар Иттиҳоди Шўравӣ ва баъди ҷанги дувуми ҷаҳонӣ дар Югославия дар амал пиёда гардид. Пайдо шудани чунин баҳсҳо дар давраи шаклгирии Ҷумҳурии мухтори Тоҷикистон ва баъд аз он табиӣ буд, зеро акнун ҳар як давлати

Страницы