31 Aug 2020

Масъалаҳои мубрами номгузории забонҳои эронӣ ва забони точикӣ

Масъалаҳои мубрами номгузории забонҳои эронӣ ва  забони тољикӣ
Имрўзњо бањс дар бораи номи забони тоҷикӣ хеле пурдомана буда, баъзеҳо ба ифрот роњ дода, номҳои тоҷики ва дариро куллан рад намуда мехоҳанд танҳо форсиро барои номи забони модарии мо баргузинанд. Ҳарчанд ҳар се ном барои забони мо қобили қабул буда, аз умқи таърих сарчашма мегиранд. Ҳоло бубинем, ки номи форсӣ аз куҷо сарчашма мегирад ва таърихи пайдоиши он чи гуна аст.

11 Jun 2018

Андешаҳо дар атрофи таърихи забони мо

Таърихи такомул ва ташаккули забонҳои эронӣ дар муддати се садаи охир аз тарафи пажўҳишгарони эроншинос то андозае таҳқиқ шудааст.  Аксари ҷанбаҳои асосӣ ва куллии он дастраси ҳамагон гардидааст. Махсусан, таърихи давраҳои бостонии инкишофи забони мо, хосатан асрҳои қадим ва миёна дар ин муддат аз тарафи муҳаққиқони зиёде мавриди баррасӣ қарор гирифта, дар ин бора асарҳои зиёди илмӣ, илмиву оммавӣ иншо шудааст. Фақат номбар кардани чанд асари бунёдии таҳқиқи забонҳои эронӣ ва халқҳои эронитабор, аз қабили «Асосҳои филологияи Эрон»  (Grundriss der iranischen philologie  ба забони олмонӣ) ва Aсосҳои  забоншиносии эронӣ  ба забони русӣ (Основы иранского языкознания) ва асарҳои муҳаққиқон ва

10 Jun 2018

Адолати судӣ куҷост?

 

Дар ҳафтаномаи – Фараж 25 апрели соли 2018 ҷавоби бахши иттилоотии Суди Олии ҶТ ба тадқиқоти журналистии ин ҳафтанома таҳти унвони «Парвандаи қалбакӣ: Собиқ раиси Китобхонаи миллии Тоҷикистон чӣ тавр «говсуд» шуд» (21-феврали соли 2018) чоп шуд. Ин ҷавоб як номаи «беҷавоб»-и ин мақоми олии судии Тоҷикистон ба масъалаҳои дар ин мақола матраҳгардида буда, боз ҳам сатҳӣ, рўякӣ ва якҷониба будани мавқеи сохторҳои судии ҷумҳуриро нишон медиҳад. Дар он боз ҳам ягон масъалаи гузошташуда мавриди баррасӣ қарор нагирифтааст. Дар ин ҷавоб омадааст, ки «Судяи суди ноҳия Исмоили Сомонӣ Исозода Х.И. парвандаро тибқи талаботи қонунҳои моддиву мурофиавии ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ… баррасӣ намудааст. Далелҳои

12 Apr 2018

Айнӣ ва асосҳои навсозии забони адабӣ

Садриддин Айнӣ дар як давраи пурфоҷиаи таърих барои худогоҳии миллӣ, бедории мардуми тоҷик, ҳифзу нигоҳдории забони миллӣ, густариши фарҳангу тамаддун, инкишофи минбаъдаи давлатдории тоҷикон мубориза бурда, барои заминагузории давлатдории миллии тољикон хидматҳои босазое кардааст. Пешвои миллиат, Асосгузори сулху ваҳдати миллӣ, Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии хеш ҳини мулоқот бо зиёиёни кишвар (2008) дар бораи замони зиндагӣ ва фаъолиятиқаҳрамонона ва фидокоронаи фарзандони баруманди миллат дар ин давра, ки устод С. Айнӣ аз ҷумла онҳо аст, чунин изҳор намуд: «Маҳз дар ҳамин давра ҷунбиши миллие ба миён омад, ки бо номи Садриддин Айнӣ ва дигар фарзандони миллатдӯсти тоҷик алоқаманд аст, ки 

12 Apr 2018

Айнӣ ва имлои забони адабӣ

Бузургони илму адаби миллати тоҷик дар таърихи чандҳазорсолаи фарҳангу тамаддуни мо барои худогоҳии миллӣ ва худшиносиву тарбияи ахлоқии ҳамзамонон ва наслҳои оянда нақши боризе гузоштаанд. Устод Садриддин Айнӣ яке аз ин гуна абармардон мебошад, ки дар як давраи сарнавиштсози таърихи миллати тоҷик ба майдон омада, дар пешрафту густариши илму фарҳанг ва таъриху тамаддуни он нақшиҳалкунанда бозидааст. Садриддин Айнӣ на танҳо ҳамчун адиб ва нависандаи забардаст, муаллифи асарҳои дарҷаҳон машҳури «Одина», «Дохунда», «Ғуломон», «Марги судхур», «Ёддоштҳо», балки чун донишманд ва олими забардасти риштаҳои мактабу маориф, таърих, адабиётшиносӣ, забоншиносӣ ва фарҳангнигорӣ маълуму машҳур аст.

Страницы