29 Jun 2017

ГАВҲАРШИНОСИ ДАРЁИ СУХАН

Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди имкониятҳои воқеии миллӣ ва суннатҳои азалии халқи тоҷик шароитҳои мусоиди иҷтимоиро фароҳам овард. Маҳз солҳои Истиқлол бо ташаббуси ҳамаҷонибаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми ҷабҳаҳои илму маориф ва фарҳанги миллии мо ба маротиб густариш ёфт. Забони адабии тоҷикии мо, ки дар ин айём ба забони  воқеии  давлатӣ табдил ёфтааст, ҳарчи бештар ба тамоми қишрҳои ҷомеаи имрӯза доман паҳн карда истодааст. Ба масъалаи таҳқиқу омӯзиши ин падидаи навин забоншиносони зиёди варзидаи мамлакат камар бастаанд, ки дар байни онҳо асарҳои таҳқиқотии

29 Jun 2017

ЗАБОНИ АДАБӢ. АЗ ГУЗАШТА ТО ИМРӮЗ

Ба озмуни «Ҷумҳурият»

Забон унсури асосӣ ва нишондиҳандаи фарҳангу тамаддуни миллат буда, дар рушди давлатдории миллӣ низ нақши асосӣ мебозад. Таърихи башарият, махсусан таърихи давлатдории ориёӣ нишон медиҳад, ки давлатҳои бостонии мо ҳамеша кӯшиш мекарданд, ки барои устувор сохтани пояҳои давлатдорӣ ва ба вуҷуд овардану мустаҳкам сохтани давлатдории миллӣ ва ваҳдату ягонагӣ аз унсури забонӣ истифода бурда, барои густариши забони модарии марзу буми хеш тадбирҳои мушаххас андешанд.

05 May 2017

Донишманди асил

Зиёӣ кист ва дар зиндагии ҷомеа чӣ нақше дорад? Имрӯзҳо дар даврони Истиқлолият мафҳуми зиёӣ, равшанфикр маънои тозае ба худ касб намудааст. Имрӯз зиёӣ равшангари роҳи аҳли ҷомеа ба сӯйи ояндаи дурахшони миллат аст. Миллате, ки баъд аз ҳазор соли бедавлатӣ соҳиби давлати миллӣ шудааст. Тавре Пешвои миллат дар мулоқот бо зиёиёни кишвар (20.03.2017) мефармоянд: «… Зиёии асил дар раванди ташаккул ва тавсеаи тафаккури миллӣ ҳамеша фаъол буда, ба раванди пешрафти маънавиёти ҷомеа таъсир мерасонад».

16 Apr 2017

Аҷоибнома (Аҷоиб-ул-махлуқот ва ғароиб-ул-мавҷудот)

Аҷоибнома (Аҷоиб-ул-махлуқот ва ғароиб-ул-мавҷудот)
Зери назари Доктори илми филология, профессор Назарзода Сайфиддин
Таҳия, вироиш ва баргардони Назарзода Сайфиддин ва Саидов Саидбилол
Муҳаррирон: Номзади илми филология Шодиев Рустам ва доктори илми филология Солеҳов Шамсиддин
Муҳаммад ибни Маҳмуд ибни Аҳмади Тўсӣ
Аҷоибнома (Аҷоиб-ул-махлуқот ва ғароиб-ул-мавҷудот). –
Душанбе: «Эр-граф», 2016, - 604 саҳ.

16 Apr 2017

Вазъи имрӯзаи забони тоҷикӣ дар гуфтугӯ бо профессор Сайфиддин Назарзода

Зимни як гуфтугӯ дар барномаи “Суҳбати рӯз”-и телевизиони “Ҷаҳоннамо” кишвар профессор Сайфиддин Назарзода, Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон чашмандозе дошт дар бораи вазъи кунунии забони давлатӣ. Вай ба саволи забони модарии мо имрӯз дар кадом вазъ қарор дорад, аз ҷумла гуфт, ки забони тоҷикӣ дар ҷумҳурӣ мақоми давлатиро доро мебошад.
Метавон гуфт, ки он ҳам забони расмӣ, ҳам забони коргузорӣ, яъне забони рукнҳои тамоми ҷомеаи кишвар дониста мешавад. Бинобар ҳамин, аз ин нуқтаи назар бояд забони тоҷикӣ дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа мавриди истифода қарор дошта бошад.

Страницы