04 Nov 2016

Бознигарии усулҳои истилоҳсозӣ

Дар забони тоҷикӣ истилоҳсозӣ ва истилоҳшиносӣ имрӯз наметавонад бо пажӯҳишҳои густурда ва амиқи назарии худ ифтихор кунад. Мушкил он аст, ки то ҳол заминаи рушду инкишофи ин ришта ба қадри лозим фароҳам нашудааст, аз ҷумла «таркиби луғавии забони адабии ҳозираи тоҷик ба дараҷаи кофӣ тадқиқ нашуда...ва оид ба масъалаҳои алоҳидаамон ягон асари илмии ба назар намоён ба вуҷуд наомадааст». (Тоҳирова, 1967, с.7). Аз ин сабаб на танҳо масъалаҳои назариявӣ, балки даҳҳо мавзӯъҳои мубрами дигари истилоҳсозӣ ва истилоҳшиносии забони тоҷикӣ ҳанӯз ҳам дар интизори муҳаққиқони хешанд.

04 Nov 2016

Истиқлол ва рушди забони давлатӣ

Таърихи куҳан ва сарвати бебаҳои илмиву фарҳангӣ ва адабии  миллати бостонии мо бар пояи  забони тоҷикӣ, ки дар даврони Рӯдакиву Фирдавсӣ бо номи забони форсии дарӣ ёд мешуд, бунёд ёфта ва дар тӯли  ҳазорсолаҳо наслҳои  гуногуни халқи моро  ба ҳам пайвастааст. Гузашта аз ин, маҳз ба ҳамин забон  осори аҷдодони бузурги мо – Рӯдакиву Фирдавсӣ, Синову Берунӣ, Хайёму Саъдӣ, Ҷалолиддини Балхиву Ҳофиз, Низомиву Бедил, Ҷомиву Ҳилолӣ ва даҳҳо мутафаккирони дигар дар ганҷинаи фарҳанги тамаддуни башарӣ сабт гардида ва ба ҷаҳониён муаррифӣ шудааст.

04 Nov 2016

Забони тоҷикӣ ганҷи шойгони миллати тоҷик аст

Ҷумҳурии Тоҷикистон   25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии худро бо шукӯҳу шаҳомат пешвоз мегирад. Дар назди таърихи чандинҳазорсолаи сарнавишти миллати мо ин давра шояд аз лиҳози замони саҳифае беш набошад, вале аз лиҳози пешомади рӯйдоду ҳодисаҳо ва пайдо шудани чархиши бунёдӣ дар рушду нумӯи ин сарзамину ин миллати бостонӣ дар таърих назир надорад.

04 Nov 2016

Роҳбари оқил ва олими пухтакор

Тибқи назарияи роҳбарӣ, инсонҳо наметавонанд дар ҳама самт фаъол ва доно бошанд. Яке донандаи фалсафа ҳасту дигарӣ улуми дақиқ ва сеюмӣ на донандаи илму техника, балки оқилест, ки метавонад инсонҳоро вобаста ба тавону заковати худ ба самтҳо равона созад. Инсон агар як самтро донанд ва идора карда тавонанд, самтҳои дигаре, ки дар раванди кор пайдо мешавад ҳатман ба машварат, назар ва неруи дигарон эҳтиёҷ пайдо мекунад.

15 Sep 2016

Пешвои миллат ба профессор Сайфиддин Назарзода унвони фахрии Корманди шоистаи Тоҷикистонро супорид

Директори Китобхонаи миллӣ профессор Сайфиддин Назарзода бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба унвони фахрии Корманди шоистаи Тоҷикистон сарфароз гардид.

Страницы