Дар даврони авҷ гирифтани равандҳои ҷаҳонишавӣ, ки на танҳо забонҳо, балки миллатҳо аз байн рафта истодаанд, қавму миллате, ки аз таърих ва ташаккули забони хеш бархӯрдор нест, онро ҳимоя карда наметавонад. Боиси хушнудист, ки дар даврони бархӯрди забонҳо забони тоҷикиро сипарҳои устуворе дар мисоли забоншиносони донишманд дифоъ мекунанд.
Яке аз забоншиносони машҳури тоҷик доктори илмҳои филологӣ, профессор Сайфиддин Назарзода мебошанд. Хизматҳои номбурда барои пешбурди забони тоҷикӣ ва ҳимояи он аз унсурҳои бегона дар китобу мақолаҳо инъикос гардидааст. С. Назарзода ба омода намудани забоншиносони ҷавон майлу рағбати беандоза дошта