13 Oct 2017

Тоҷикистон имрӯз давлати ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва соҳибистиқлол аст. Дар муддати 26 соли Истиқлол барои мардуми тоҷик шароите фароҳам гардид, ки дар озодиву оромиш ва осоиштагӣ зиндагӣ ба сар барад, таҳти роҳбарии Пешвои худ ба созандагиву бунёдкорӣ машғул шавад, таҳдоб ва бунёди давлати миллии тоҷиконро барои садсолаву ҳазорсолаҳо гузорад. Қонунҳои миллие, ки назираш дар қонунгузории ҷаҳон вуҷуд надорад, қабул гардид, ки яке аз онҳо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои дар Ҷумҳурии Тоҷикистон “мебошад. Ин қонун дар байни мардуми тоҷик ҳаводорони зиёде пайдо кард ва татбиқи он ҷанбаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа ва расму анъана ва суннатҳои мардуми тоҷикро ба тартиб овард. Пеши роҳи харҷу масрафҳои зиёдатӣ ва маъракаҳои серхарҷи дабдабанокро гирифт.
Ин қонуни миллӣ, ки баъд аз даҳ соли татбиқи он бо иштироки оммаи васеи мардум ва баррасиву муҳокимаи он дар расонаҳои гурӯҳӣ боз мавриди таҷдиди назару бозбинӣ қарор гирифт, дар оянда низ нақши муҳими худро дар ба тартиб овардани анъанаву суннатҳо ва маросимҳои тоҷикон хоҳад бозид.
Вале дар татбиқи он ҳолатҳое ҷой доранд, ки бояд ислоҳ шаванд, пеши роҳи нуқсонҳову камбудиҳои ҷиддӣ, ки дар ҷараёни роҳандозии он пайдо шудаанд, гирифта шаванд. Ҳодисае, ки баъд аз гузаронидани маъракаи хонадоркунии писарам Фирдавс аз сари хонаводаи мо ва хонаводаи Ҳабибуллоев Т. гузашт, имрӯзхо як ҳодисаи маъмулие шудааст, ки ба сари хазорон хонаводаи тоҷик омада истодааст. Мақомоти дахлдор барои ба ҷо овардани нақшаву барномахои тақвимии хеш дар татбиқи Қонуни миллӣ, яъне татбиқи Қонуни танзим ба таври нодуруст ва ғайриқонунӣ амал карда, оддитарин ҳуқуқҳои шаҳрвандии моро поймол менамоянд. Албатта, ҷаримаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар таҷрибаи судӣ як ҳодисаи маъмулист. Вале ҷараёни  ин амал чӣ гуна сурат мегирад, хеле муҳим аст. Таҷрибае, ки мо ҳосил кардем, хеле талх аст. Дар сари ҳар як қадам аз аввалин лаҳзаҳои ба ин кор бархурдан дар Агентии коррупсия, Кумитаи дин ва прокуратура то баррасиву муҳокимаи  парванда дар Суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ мо ба душвориву мушкилиҳое рӯ ба рӯ шудем, ки бештар хусусияти субъективӣ дошта, аз худсариву беэътиборӣ ва баъзан бедонишии мансабдорони ба ин амалҳо алоқаманд шаҳодат медиҳад.
Хангоме ки як шаҳрванд ба ҳуқуқбунёдӣ ва адолатпарварии сохторҳои судии Тоҷикистон умед баста, ба як бовариву итмимон рӯ ба ин даргоҳ меорад, бояд ҷавоби саволҳои худро гирад.Додхоҳӣ ва барқарории адолатро ба таври воқеӣ эҳсос кунад. Инсонҳо дар тамоми мавҷудияти тамаддуни башарият ба адолати иҷтимоӣ бовар доштанд, ба сохторҳои марбутаи давлат барои додхоҳӣ муроҷиат мекарданд, аз ин сохторҳои давлат риояи қонуну адолатпарвариро талаб мекарданд.
Вале вақте медиданд, ки ҳаққу ҳуқуқи шаҳрвандии онҳо аз тарафи мансабдорони алоҳида поймол мегардид ва дар суду додгоҳ ҳам даъвоҳои онҳо боз ҳам ба суди мақомоту мансабдорон ҳал мегардид ва ин поймолсозии адолат ва ҳуқуқҳои онҳо хусусияти саросарӣ мегирифт ва дигар барои шаҳвандон ҷоӣ муроҷиату адолатхоҳӣ намемонд, онҳоро яъсу ноумедӣ фаро мегирифт, ҷаҳлу ҷаҳолат  ва зуроварӣ ҷои адолатро мегирифт. Беҳуқуқӣ, яъне ноумедӣ, аз даст рафтани боварии мардум ба институтҳои давлатдорӣ пеш аз ҳама пояҳои бунёдии давлатдориро заиф мекунад, ба шахсони ноогоҳу авомфиребу мансабпараст  имкон фароҳам меорад, ки ба оромиву осоиштагии кишвар халал ворид созанд ва аз нерӯи мардуми дилшикаста ва ноогоҳ аз асли ҳуқуқбунёдии ҷомеа истифода кунанд, ҷомеаро ноором созанд ва хадафҳои шуми  худро дар амал пиёда намоянд.                
Баъд аз гузаронидани тӯйи домодии  писари хурдиам Фирдавс, ки санаи 30.07.17дар тарабхонаи «Шоира-люкс» баргузор гардид, рӯзи 01.08.17 маро ба Агентии коррупсия даъват карда, ду нафар – Одинамаҳмадзода П- капитани адлия  ва Розиқзода Ҳ., мавриди бозпурсӣ қарор доданд. Ҳарчанд дар давоми ин тафтишу тергав мо нишон додем, ки дар ҷараёни гузаронидани тӯй ягон қонуншиканӣ рух надодааст ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба таври комил риоя гардида аст, онҳо ба зур мехостанд бо сухану маълумотҳои пучу беасос маро ба қонуншиканӣ айбдор намоянд. Ҳатто кор ба дараҷае расид, ки онҳо аз баргузоркунандаи оши наҳор, қудои ман, марди 80-сола, собиқадори меҳнат сарфи назар карда, айнан изҳор доштанд, ки «Мо муаллимро қапидем ба Шумо кор надорем». Бо ҳамин сохтакориву фиребкунӣ дар ҳаққи банда дасисаву туҳмате раво диданд, ки таҳлилу баррасии он дар достони зиндагии ману хонаводаи ман як саҳифаи нангину фоҷиабор, саҳифаи  беэътиборӣ ба Қонуни миллӣ, саҳифаи «салла биёру калла биёр»- и татбиқкунандагони Қонун, саҳифаи ба ҳар  васила беобрӯ кардани ин ду шахсӣ собиқадори кору меҳнат, саҳифаи бор кардани мусибату ғам ба хонаводаҳои онҳо, саҳифаи ба ҷойи шодиву хушбахтӣ ва комгории арӯсу домод ба онҳо расондани азобу ғаму андуҳ боқӣ хохад монд.

Шарҳи муфассалро метавонед аз ин ҷо мутолиа кунед.