16 Apr 2017

Вазъи имрӯзаи забони тоҷикӣ дар гуфтугӯ бо профессор Сайфиддин Назарзода

Зимни як гуфтугӯ дар барномаи “Суҳбати рӯз”-и телевизиони “Ҷаҳоннамо” кишвар профессор Сайфиддин Назарзода, Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон чашмандозе дошт дар бораи вазъи кунунии забони давлатӣ. Вай ба саволи забони модарии мо имрӯз дар кадом вазъ қарор дорад, аз ҷумла гуфт, ки забони тоҷикӣ дар ҷумҳурӣ мақоми давлатиро доро мебошад.
Метавон гуфт, ки он ҳам забони расмӣ, ҳам забони коргузорӣ, яъне забони рукнҳои тамоми ҷомеаи кишвар дониста мешавад. Бинобар ҳамин, аз ин нуқтаи назар бояд забони тоҷикӣ дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа мавриди истифода қарор дошта бошад.

28 Mar 2017

Ҷилваи нави Наврӯз дар замони соҳибистиқлолӣ

Имсол ин ҷашни бостонии ориётаборон, ҷашни аҷдодии тоҷикон-Наврӯз бо рангу бӯи тоза ба кишвари тоҷикон қадам гузошт. Ҷашни Наврӯз таърихи деринаи бостонӣ дошта, он аз қаъри асрҳо сарчашма мегирад. Ниёгони мо ин ҷашнро аз насл ба насл, марҳала ба марҳала аввал ба таври шифоҳиву дарку фаҳмиши ботиниву зеҳнӣ ва баъд бо пайдоиши хат дар асарҳои хеш ба таври хаттӣ сабт намуда, то ба имрӯзиён расониданд.

27 Mar 2017

Пажӯҳиши судманд дар имлои забони тоҷикӣ

Аз ҷумлаи муҳимтарин кашфиёти инсонӣ хат ба шумор меравад, ки тамоми ёдгориҳои миллатро ҷовидона месозад ва маҳз халқи дорои хат соҳиби тамаддуни асаргузор ва фарҳанги қадими густардаву  мондагор мебошад.

04 Mar 2017

Симо зебо, пайкар тавоно бошад

Дар давраҳои гуногуни таърих забони модарии мо барои дигар қавму халқҳои минтақа, мақоми забони илму адаб, коргузорӣ, расмӣ ва байналмилалиро ба уҳда дошта ва имрӯз  дар раванди барпо кардани давлати навини тоҷикон ҳамчун як рукни асосӣ нақши муассир ва сарнавиштсоз бозида  истодааст.

28 Feb 2017

Баргашти ҳарфи «ц» ба алифбои забони тоҷикӣ халалдор кардани густариши табиии забон ва ба сари он бор кардани «қолабҳои сунъии бегона» мебошад

Меъёрҳои забони адабӣ ва муайян кардани имлои забони адабӣ ба сиёсати давлатӣ оид ба густариши забони давлатӣ сахт алоқаманданд. Бинобар ин, масъалаҳои рушди забони модарии мо дар даврони Истиқлолият доимо дар маркази таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Дар робита ба масъалаи меъёрҳои забони адабӣ ва поку беолоиш нигоҳ доштани он Президенти кишвар дар суханронии хеш ба муносибати Рӯзи забон (Ҷумҳурият, 23 июли соли 2009) чунин таъкид намуда буданд:

Страницы