04 Nov 2016

Таърихи куҳан ва сарвати бебаҳои илмиву фарҳангӣ ва адабии  миллати бостонии мо бар пояи  забони тоҷикӣ, ки дар даврони Рӯдакиву Фирдавсӣ бо номи забони форсии дарӣ ёд мешуд, бунёд ёфта ва дар тӯли  ҳазорсолаҳо наслҳои  гуногуни халқи моро  ба ҳам пайвастааст. Гузашта аз ин, маҳз ба ҳамин забон  осори аҷдодони бузурги мо – Рӯдакиву Фирдавсӣ, Синову Берунӣ, Хайёму Саъдӣ, Ҷалолиддини Балхиву Ҳофиз, Низомиву Бедил, Ҷомиву Ҳилолӣ ва даҳҳо мутафаккирони дигар дар ганҷинаи фарҳанги тамаддуни башарӣ сабт гардида ва ба ҷаҳониён муаррифӣ шудааст.
 Дар давраҳои гуногуни таърих забони модарии мо барои дигар қавму халқҳои минтақа, нақши забони илму адаб, коргузорӣ, расмӣ ва байналмилалиро ба уҳда дошта ва имрӯз  дар раванди барпо кардани давлати навини тоҷикон ҳамчун як рукни асосии  давлатдорӣ нақши муассир ва сарнавиштсоз бозида  истодааст.
Баъди ба истиқлолият расидани Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми ҳуқуқии забони мо чун забони давлатӣ дар асоси  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»,мутобиқи таҷриба ва меъёрҳои байналмилалии истифодаи забонҳо таҳия  ва 05 октябри соли 2009 қабул шудааст  муайян ва мушаххас гардидааст. Ин падидаро бояд ҳамчун самараи сиёсати пайгиронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба забони давлати соҳибистиқлолу  мустақили худ арзёбӣ кунем.
Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушду такомули арзишхои аслии миллӣ ва суннатҳои маънавии мардуми тоҷик заминаи  мусоиди сиёсӣ,  иҷтимоӣ ва фарҳангӣ муҳайё намуд. Дар раванди рушду такомули забони тоҷикӣ даврони наве падид омада ва истифодаи захираҳои дохилӣ ва сарчашмаҳои таҳаввулу инкишофи ин забон дар кишварҳои ҳамзабон ва  такмилу ғанӣ гардонидани он дар ихтиёри мутахассисони соҳа  қарор   гирифт. Ин ҳама падидаҳои мусбат шароит фароҳам овардааст, ки мавқеи забони тоҷикӣ қавитар ва таҳқиқу омӯзиши он осонтар гардад.  
Дар даврони 25-соли Истиқлолият бо амалӣ шудани сиёсати миллии забонии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи танзим ва ба тартиб даровардани забони  адабии тоҷикӣ корҳои назаррас ба анҷом расидааст, ки бархе аз онҳоро метавон ном бурд.
Нахуст бояд зикр намуд, ки дар давоми солҳои охир дар чорабиниҳои сиёсӣ ва  илмиву фарҳангӣ ҳам дар дохили кишвар ва ҳам дар миқёси байналмилалӣ забони тоҷикӣ ба сифати забони миллӣ ва давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди истифодаи комил қарор гирифт ва вазифаи забони муоширати байни халқҳои сокини кишварро бо сарбаландӣ иҷро карда истодааст. Забони давлатӣ дар тамоми соҳаҳои ҳаёти иҷтимоӣ дар сохторҳои давлативу ҳукуматӣ, истеҳсолоту иқтисодиёт, илму фарҳанг ва дигар ниҳодҳои ҷомеа мавқеи забони расмии коргузориро ба даст овард ва нақши худро дар иҷрои вазифаҳои иҷтимоӣ низ устувор намуд.
Дувум дар даврони истиқлол забони тоҷикӣ ба забони асосии раванди таҳсил дар зинаҳои гуногуни маориф ва воситаҳои ахбори омма мубаддал гардид. Истифодаи самарабахши забони давлатӣ дар тамоми зинаҳои соҳаи маориф имкон медиҳад, ки забони мо ҳам дар сатҳи таълим ва ҳам дар сатҳи илмӣ густариш пайдо кунад, чунки таҳияи садҳо ҳазор китобу воситаҳои таълимӣ бо забони давлатӣ, ҳамгунсозии истилоҳоти истифодашаванда дар ин воситаҳои таълимӣ имкон медиҳад, ки забони илмии тоҷикӣ ҳам дар бахши  илмҳои иҷтимоӣ ва ҳам дар бахши илмҳои дақиқ поягузорӣ шавад.
Инчунин, таҳия ва нашри як силсила осори муҳиму бунёдӣ дар бахши забоншиносии тоҷик, махсусан, асарҳо оид ба таърихи забони тоҷикӣ, забони муосири тоҷикӣ, фарҳангу луғатномаҳои гуногун, аз қабили «Фарҳанги тоҷикӣ ба русӣ», «Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ», «Донишномаи Рӯдакӣ», “Фарҳанги мукаммали забони тоҷикӣ” ва чанде асарҳои дигар дараҷаи омодагӣ ва иқтидори илмии  мутахассисони тоҷикро дар ин самт намоён сохт.
Махсусан, нашри асари Асосгузори сулҳу Ваҳдат, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо номи “Забони миллат- ҳастии миллат”. Китоби якум “Ба сӯйи боландагӣ”, ки дар остонаи ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии ҶТ пешкаши хонандагони сершумори тоҷик гардид, армуѓони сазовор ба мардуми тоҷик гардид. Ин асари бунёдии илмӣ барои оммаи васеи хонандагон пешбинӣ гардида,   рушди забони моро аз давраҳои бостон то асри XIII инъикос менамояд. Он бо истифода аз асарҳои гуногуни дар давраҳои мухталиф таҳияшудаи илмӣ омода гардида, аз лиҳози сабку ҷобаҷогузории мавод ва тарзи пешниҳоди онҳо аз дигар осори забоншиносӣ ба куллӣ фарқ мекунад. Дар ин асари бунёдӣ дастовардҳои ахири забоншиносиву тоҷикшиносии ватаниву ҷаҳонӣ ҷамъбаст гардидааст.
Ба шарофати сиёсати ватангароёнаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва эҳтирому эътиқод ба арзишҳои маънавии миллӣ муассиса ва мақомоте, ки масъули ҳифз ва такомули арзишҳо ва авлавиятҳои миллӣ ва маънавӣ ва махсусан бахши забони давлатӣ ҳастанд, дастгирӣ ёфта ва кори онҳо муназзаму пурсамартар гардид. Имрӯз  мо дар симои Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Институти забон, адабиёт шарқшиносӣ ва мероси хаттии  ба номи Рӯдакии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муассисаҳоеро мебинем, ки қудрату тавоноии худро афзун намуда, барои рушду такомули забони тоҷикӣ ва танзими раванди инкишофи он кӯшиши зиёд ба харҷ медиҳанд.
Бо заҳмату кори донишмандони Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рӯдакии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон   “Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ” дар ду ҷилд ба табъ расид, ки беш аз 87 ҳазор калимаву ибораро дар бар гирифта ва то ҷое ҷамъбасти вожашиносии солҳои охир маҳсуб мегардад. Имрӯзҳо дар ин Институт  таҳияи «Фарҳанги мукаммали  забони тоҷикӣ» дар шаш ҷилд оғоз гардидаст, ки ҷомеътарин фарҳанг дар таърихи фарҳангнигории забони тоҷикӣ буда, беш аз 200 ҳазор калимаву ибораҳоро дар бар гирифта ва барои истифодаи ҳамаи тоҷикзабонон равона гардидааст. Ҷилди аввали он, ки фарогири ҳарфи А буда, 12000 вожаву таркибҳоро фаро мегирад, соли 2011 ба чоп расид. Вале баъдан дар таҳияи он монеаҳои сунъиву ҷиддӣ пайдо шуд, ки хушбахтона баъд аз ба сари кор омадани роҳбарияти нави Академияи илмҳо ва Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттӣ бартараф гардида, кори таҳияи ин фарҳанги муҳим аз сар гирифта шуд.
Бояд тазаккур дод, ки дар давоми соҳибистиқлолӣ ҷумҳуриҳои пешини Шӯравӣ дар ҷодаи фарҳангнигорӣ ва махсусан фарҳангҳои тафсирӣ муваффақиятҳои зиёде ба даст оварданд. Тибқи маълумоти оморӣ дар ин муддат дар Ҷумхурии Узбекистон Фарҳанги  тафсирии  забони узбекӣ (дар панҷ ҷилд), дар Ҷумҳурии Қазоқистон Фарҳанги тафсирии забони қазоқӣ дар 20 ҷилд, дар Ҷумҳурии Украина низ Фарҳанги тафсирии забони украинӣ дар 20 ҷилд чоп шудааст.   
Дар ин радиф “Луғати тоҷикӣ - русӣ”, ки дар солҳои охир анҷом дода шудааст, асари муҳими дигаре мебошад, ки имрӯз дар баробари “Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ” ба китоби рӯимизии мутахассисон ва ҳаводорони забони тоҷикӣ мубаддал гаштааст. Ин фарҳангҳо дар раванди устувор сохтани мақоми давлатии забони тоҷикӣ, сабти ҳазорон истилоҳу мафҳумҳои наву тозаи ҳаёти иҷтимоиву сиёсӣ, иқтисодиву фарҳангӣ ва тарҷумаи осори гаронбаҳои адабиёти форсу тоҷик ба забонҳои дигар  мусоидат хоҳанд кард.
Падидаҳои мазкур гувоҳи он ҳастанд, ки эътибори илми суханшиносии тоҷик рӯз то рӯз боло меравад ва ҷумҳурии мо мақоми худро ба ҳайси яке аз марказҳои бонуфузи илмӣ дар соҳаи филология ва шарқшиносӣ тадриҷан барқарор месозад. 
Ҳамчунин бояд ёдовар  шуд, ки дар ин давра забони тоҷикӣ на танҳо  барои ваҳдату ягонагии миллӣ ва баланд нигоҳ доштани парчами Истиқлоли Ватан, балки барои муттаҳид сохтани тоҷикони ҷаҳон  низ нақши бузургеро бозӣ намуд. 
Имрӯз забони мо вориди марҳалаи сифатан нави инкишофи худ гардидааст. Ин ҳолат моро ба андешидани иқдомоти нав дар ҷодаи рушди минбаъда ва ҳамоҳангсозии он бо раванди ҷаҳонишавии иттилооту захираҳои иттилоотӣ водор месозад. Мо бояд дар чунин шароит кӯшиш кунем, ки рисолати забони худро ҳифз намуда, ҷараёни табиии инкишофи онро таъмин намоем. Мероси бузургу гаронбаҳои адабӣ, фалсафӣ ва динии ниёгон ва  дастовардҳои донишмандони ҳамзамону ҳамзабонони мо, ки имрӯз бидуни ҳеҷ маҳдудияти сиёсиву мафкуравӣ мавриди баҳрабардории мутахассисони кишвари мо қарор гирифтаанд, дастоварди дигари сиёсӣ ва фарҳангии  давлати  ҷавони мо дар ин солҳо ба ҳисоб меравад.  
Дар  чунин шароити фазои мусоиди сиёсиву иҷтимоӣ барои рушди минбаъдаи забони давлатӣ моро зарур аст, ки дурнамои забони давлатии худро барои солҳои оянда  муайян намуда, роҳҳои минбаъдаи  густариши  онро ба шакли як барномаи умумӣ  тарҳрезӣ намоем. 
Забони давлатии мо бояд ба ниёзҳои сиёсиву иҷтимоӣ, иқтисодиву фарҳангии ҷомеаи мо ҷавобгӯй  буда, ба василаҳои  мухталифи иттилооти техникӣ роҳ ёбад ва тавоноии бозтоби  мафҳумҳои  илми муосирро дошта бошад. Ин ниёзмандиҳо зарурати ба забони илм табдил додани забони давлатиро ба миён меорад. Забони илмӣ бояд забони тавоно, гуё, зоё ва ҷӯё бошад. Агар гунаҳои форсиву дарӣ дар ҷаҳон аз лиҳози илмӣ будан ҷои  17-умро ишѓол кунад, пас забони тоҷикии мо ҳанӯз ҳам пояҳои илмии худро мустаҳкам карда натавониста истодааст. Ба ин ҷараён пеш аз ҳама ҳанӯз ҳам навиштани рисолаҳои илмӣ ба забони русӣ ва ҳимояи онҳо ба ин забон халали ҷиддӣ ворид мекунад. Бинобар ин зарур аст, ки ҳар чи зудтар бо навиштани рисолаҳои илмӣ, танзими истилоҳоти илмӣ ва таблиѓу тарвиҷи забони илмии тоҷикӣ бештар рӯ биорем.    
То замони Истиқлол мо тақрибан имконияти гирдоварӣ ва омӯзиши сарватҳои маънавии тоҷикзабонони хориҷи кишварро надоштем ва агар ҳам коре ё пажӯҳише сурат мегирифт, хеле маҳдуд буд. Акнун замони он расидааст, ки мо дар бораи хусусиятҳои  забонӣ ва адабиёти шифоҳиву зистшиносии тоҷикони муқими Осиёи Миёна ва кишварҳои дигар, ки ҷузъи таърих ва забони мо ҳастанд, фикр кунем. Барои омӯзиш ва мустаҳкам гардонидани пайвандҳои миллию суннатӣ ба ҳамзабонони худ бояд ҳамкориҳоро дар соҳаи пажӯҳишҳои майдонӣ ё худ экспедитсияҳои  фолклоршиносӣ, мардумшиносӣ ва лаҳҷашиносӣ бо кишварҳое, ки тоҷикон зиндагӣ мекунанд (Чин, Покистон, Арабистон, Ҳиндустон, Қирѓизистон, Қазоқистон ва ѓ.), ба тадриҷ ба роҳ монем.
Барои амалӣ карданӣ ин иқдомот бояд олимони ҷавонро чӣ дар дохили кишвар ва чӣ дар мамлакатҳои пешрафта чун Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Аврупо  тарбия намоем, то ки онҳо донишҳои замонавӣ андӯхта,  сипас дар соҳаҳои  иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маънавии кишвар кор ва фаъолият намоянд. Ҳамчунин ба андешаи мо ба  мақсад мувофиқ аст, агар шумораи ҷоизаҳоро барои таҳқиқотҳои барҷастаи илмӣ ва мукофотҳои ҳавасмандкуниро барои олимони ҷавон бештар намоем. Бо мақсади  муаррифии васеи  забону адаб ва фарҳанги  тоҷикон ба назари мо бояд беҳтарин корҳои илмии олимони тоҷикро илова бар илмҳои дақиқ дар соҳаҳои забоншиносӣ, адабиётшиносӣ, фолклор, таърих ва мардумшиносӣ ба забонҳои  русию англисӣ низ  тарҷума ва паҳн намоем.
Омӯзиш ва таҳқиқи ҷанбаҳои гуногуни забони тоҷикӣ (таҳияи дастурҳои илмӣ ва таълимӣ, таҳқиқи таърих, сарфу наҳв, вожагон, фразеологизмҳо ва дигар бахшҳои забон) яке аз масъалаҳои бисёр муҳими рушду густариши забони мо мебошанд, ки ҳамчунин бояд ҳамеша дар маркази таваҷҷӯҳи мутахассисони ин соҳа бошанд.
Албатта забон ҳастии миллат аст. Мо бояд бо ин ҳастии миллат хеле эҳтиёткорона, боназокат, бомулоҳиза рафтор намоем. Вале дар робита бо пажӯҳиши масъалаҳои забони модарии мо ҳанӯз масъалаҳои ҳалношуда хеле зиёданд. Таҳқиқи забони меъёр ё забони адабӣ ва проблемаҳои он яке аз масъалаҳои муҳими илми забоншиносӣ мебошад. Бояд гуфт, ки дар замони истиқлол бо забони давлатӣ гардидани забони тоҷикӣ таҳқиқи ҷанбаҳои гуногуни он аҳамияти миллӣ ва давлатӣ касб мекунад. Бо вуҷуди он, ки барои инкишофи забони адабӣ аз лиҳози сиёсӣ ва давлатдорӣ тамоми шароит муҳайё аст, зарурати истифодаи он ба ҳайси забони давлатӣ, коргузорӣ, таълим, илмӣ ва ѓайра аз тарафи тамоми қишрҳои ҷомеа дуруст дарк нашудааст. Инчунин барои таҳияи фарҳангҳои тафсирӣ, дузабона, чандзабона, истилоҳӣ ва луѓатҳои махсуси забоншиносӣ (фарҳанги басомади вожаҳо, ҳаммаъноҳо, зидмаъноҳо ва ѓ)   муддати зиёд ва заҳмати фаровон лозим аст. Доир ба забони адабии тоҷикӣ корҳои зиёди таҳқиқотӣ ба анҷом расидааст. Дар забоншиносии муосири тоҷик то кунун таҳқиқоте, ки дар асоси меъёри забони адабии гуфтугӯӣ ба итмом расида бошад, арзи вуҷуд накардааст. Бинобар ин меъёрҳои забони адабӣ ва забони адабии гуфтугӯиро дар асоси маводи муътамад мавриди таҳқиқ қарор додан аз вазифаҳои бетаъхири забоншиносон ба шумор меравад.
Имрӯз бар дӯши забони тоҷикӣ вазифаи хеле пурмасъулият, яъне масъулияти забони давлатӣ вогузор шудааст. Он  рамзи симо ва пайкари миллати мо мебошад, аз ин рӯ ин симо бояд зебо ва ин пайкар бояд тавоно бошад.  

Назарзода Сайфиддин
доктори илми филология