Ба озмуни «Ҷумҳурият»
Забон унсури асосӣ ва нишондиҳандаи фарҳангу тамаддуни миллат буда, дар рушди давлатдории миллӣ низ нақши асосӣ мебозад. Таърихи башарият, махсусан таърихи давлатдории ориёӣ нишон медиҳад, ки давлатҳои бостонии мо ҳамеша кӯшиш мекарданд, ки барои устувор сохтани пояҳои давлатдорӣ ва ба вуҷуд овардану мустаҳкам сохтани давлатдории миллӣ ва ваҳдату ягонагӣ аз унсури забонӣ истифода бурда, барои густариши забони модарии марзу буми хеш тадбирҳои мушаххас андешанд.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар китоби «Тоҷикон дар оинаи таърих» навиштаанд, ки шоҳаншоҳии бузурги Ҳахоманишиён, ки дар арсаи таърих бо фарҳанг ва тамаддуни худ беназир аст, пеш аз ҳама, бар пояи фарҳанги асили ориёӣ бунёд шуда, забони модарии хешро дар баробари забонҳои пурқудрату маълуми он замон – иломӣ ва ошурӣ ба ҳайси забони расмӣ ва давлатӣ истифода мекард. Онҳо номи хат ва забони худро ориёӣ хондаанд. Инчунин, дудмони Кӯшониёни Кабир ҳам оҳиста-оҳиста аз истифодаи забони юнонӣ даст кашида, забони ориёии хешро (Канишка ҳам мисли Дориюши Кабир забони навиштаҳои худро ориёӣ хондааст) забони ягонаи давлатӣ ва расмии давлати паҳновари худ қарор додаанд.
Дар катибаи Дориюши бузург дар кӯҳи Бесутун вожаи «ориёӣ» ба маънои забон дида мешавад.
Эҳтимоли қавӣ меравад, ки худи навиштаҳои Дориюши Бузург, ки имрӯз номи онро шартан забони форсии бостон гузоштаанд, ба забон ва хати ориёӣ навишта шудааст ва забони форсии бостон ва ориёӣ як забон буда, дар замони салтанати Ҳахоманишиён забони расмӣ ва меъёрии на танҳо қабилаҳои форс, балки тамоми эронитаборони ҳамон замон будааст.
Ашкониёни Порт, ки дар баробари Кӯшониёни Кабир дар минтақаҳои марказӣ ва ғарбии кишвари ориётаборон баъд аз барандохтани сулолаи Селевкиён истиқлол ба даст оварда, шоҳаншоҳии бузурги худро созмон доданд, ба забони модарии худ – портӣ эҳтиром гузошта, онро забони давлатӣ эълон намуданд. Тавре Пешвои миллат дар китоби пурарзиши худ «Забони миллат – ҳастии миллат» ишора мекунанд: «Ин забон дар давраи аввали подшоҳии Ашкониён ҳамроҳ бо забони юнонӣ ва баъдан аз давраи Меҳрдоди I (солҳои 171-132 то милод) танҳо забони расмӣ ва давлатии Ашкониёни Порт мегардад. Баъзе муҳаққиқон изҳор доштаанд, ки шояд аз ибтидои садаи III то милод забони портӣ забони расмии давлатдории Порт қарор гирифта бошад. Бозёфти навиштаи болои зарфҳо аз Нисо дар ин бора шаҳодат медиҳад». Бояд гуфт, ки забони портӣ баъдан дар такомули забони тоҷикӣ (дарӣ, форсӣ) нақши муассире дошта, аз лиҳози вожагониву дастурӣ ба забони модарии мо шабоҳати зиёде дорад.
Дар давраи Сосониён ҳам забони форсии миёна дар баробари забони портӣ ё паҳлавӣ забони давлатӣ ва расмиву динии шоҳаншоҳии бузурги Эрон буд ва аз он осори зиёди таърихиву динӣ ва илмиву фарҳангӣ боқӣ мондааст.
Нахустин сулолаи маҳаллие, ки баъд аз истилои араб каму беш дар Хуросон мустақил гардид, Тоҳириён (821-873) буд. Ҳукмронони ин хонадон ҳанӯз дар фикри истиқлоли фарҳангӣ набуданд. Баръакс, кӯшиш карданд, ки дини исломро дар қаламрави худ таҳким бахшанд ва огоҳона ё ноогоҳона баҳри густариши забону адабиёти араб мусоидат карданд. Сулолаи дигари маҳаллӣ, ки ҷонишини Тоҳириён гардид Саффориён (873-903) буд. Дар вақти ҳукмронии намояндаи барҷастаи ин сулола Яқуби Лайс, ки аз миёни мардуми одӣ бархоста буд ва на забони арабиро медонисту на ба фарҳанги он алоқа дошт, то ҳудуде дар дарбори вай саҳна барои забону адабиёти араб тангтар шуд ва шоирон барои ӯ ба дарӣ шеър гуфтанд.
Эҳёи воқеии забони адабии мо дар замони Сомониён (874 - 999) оғоз гардид. Сомониён бар хилофи Тоҳириёну Саффориён дарк карда буданд, ки бидуни эҳёи анъанаҳои қадимӣ ва ривоҷу равнақи забону адабии миллӣ истиқлолият устувор ва давомдор шуда наметавонад. Бинобар ин, амирони дурандешу сиёсатмадорони ин хонадон бо камоли ҳушмандӣ муносибати худро бо хилофат тавре оростанд, ки дарбори Бағдод натавонад фитна ва рақобате бар зидди онҳо барангезад. Илова бар ин, Сомониён аз забони форсии дарӣ ҳамчун силоҳи сиёсӣ дар баробари тозиён барои расидан ба истиқлолияти комил истифода мекарданд. Аз ин рӯ, забони форсии дариро, ки забони мардумони Мовароуннаҳру Хуросон буд, забони расмии давлати паҳновари худ қарор дода, ба адибону олимон ба назари эҳтиром нигариста, онҳоро ташвиқ мекарданд, ки китобҳои худро ба форсии дарӣ нависанд ва ё осори арабии худ ва дигаронро ба ин забон баргардонанд.
Ва, имрӯз, тавре ки мебинему мушоҳида мекунем, забони модарии мо мавриди ғамхориву пуштибонии ҳаматарафаи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор гирифтааст. Бояд гуфт, ки ғамхорӣ ва мувозибат аз забони модарӣ, пеш аз ҳама, пуштибонӣ аз халқу миллати худ мебошад. Миллати тоҷик баъд аз солҳо ва садаҳои тӯлонии зери истило ва юғи аҷнабиёну бегонагони гуногунирқу мухталифмазҳаб қарор доштан ба чунин пуштибониву дастгирӣ ниёз дорад. Тавре ки Сарвари давлати тоҷикон барҳақ таъкид менамоянд: «Дар баробари ин, мо бояд як далели таърихиро фаромӯш насозем, ки ягон миллати дигари дунё мисли тоҷикон ба таъқибу фишорҳои нажодпарастона ва бузургманишиҳои миллӣ гирифтор гардида, аз ҳаводиси миллаткуши таърих ранҷ накашидааст».
Дар ин росто, муҳаққиқи қарни XIX ва ибтидои асри XX рус Н. Павлов бисёр нозукбинона қайд кардааст: «Мо акнун шоҳиди эҳёи ин миллати ҷонсахт ва боистеъдод, яъне тоҷикон ҳастем. Аз ин пеш онҳо на зиндагӣ, балки ҳақирона рӯз кӯр мекарданд ва ин фақру аҷз натиҷаи се зарбае буд, ки Чингизхон, Темур ва манғит ба пайкари ин миллат заданд ва кам миллате ёфт мешавад, ки чунин зарбаҳоро таҳаммул карда тавониста бошад. Тоҷикон аз ҳама ақвоми дигар ҷонсахттаранд, қадре фурсат кофӣ буд, ки онҳо чун мурғи самандар аз оташ ҷон бигиранд ва эҳё гарданд».
Забони миллӣ ҳамчун яке аз пояҳои асосии давлатдории миллӣ дар пойдории давлати миллӣ нақши ҳалкунанда дорад. Халқи тоҷик дар охири солҳои 80-ум муборизаи хешро баҳри истиқлоли ҷумҳурӣ маҳз аз талош барои эълон кардани забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ дар қаламрави Тоҷикистон шурӯъ карда буд. Ва бояд зикр кард, ки қонуни забон дар ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ яке аз аввалинҳо шуда дар Тоҷикистон қабул гардид. Аҳамияти қабули ин қонунро дар ташаккули фарҳанги миллӣ зикр намуда, Пешвои муаззами миллат дар яке аз суханрониҳояшон ба ифтихори ҷашни қонуни забон ин нуктаро хуб ёдоварӣ кардаанд: «Истиқлолияти фарҳангии Тоҷикистон дар даҳсолаҳои охир ба назари ман аз кӯшишу талошҳои зиёиёни равшанзамир ва аҳли ҷомеа баҳри истиқлолияти забон ва мақоми давлатӣ ёфтани он оғоз ёфт». Акнун баъд аз гузашти солҳо давлати миллии мо бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди зиёиён ва фарҳангиёни тоҷик баҳри рушду инкишофи забони тоҷикӣ ва ба ин васила пешрафти фарҳанги миллӣ вазифаҳои пурмасъулият мегузорад. Барои ба даст овардану таҳким бахшидани истиқлоли фарҳангии миллӣ, пеш аз ҳама, пояҳои забони миллиро мустаҳкам намудан зарур аст ва забони тоҷикӣ танҳо замоне забони воқеии илму фарҳанг мегардад, ки бо ин забон истилоҳоти илмӣ ба вуҷуд оварда шаванд.
Истиқлоли фарҳангии миллат тақозо менамояд, ки мо тамоми риштаҳои ҳаёти фарҳангии ҷомеаро ба таври яксон ва муназзам инкишоф дода, бедории миллӣ ва фарҳангии тоҷиконро дар маҷмӯъ баланд бардорем. Албатта, истиқлоли фарҳангӣ ва инкишофу такомули он аз иқдому чорабиниҳои алоҳида иборат набуда, як барномаи тарҳрезишудаи куллиро мехоҳад, ки бояд фарогири ҳам кӯдакистону боғчаҳо, мактабҳои таҳсилоти умумӣ ва донишгоҳҳову муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва ҳам муассисаву ташкилотҳои фарҳангӣ, матбуоту радио ва телевизион, хулоса, тамоми қишрҳои ҷомеа бошад. Асоси ин барномаи умумӣ бояд, пеш аз ҳама, густаришу инкишофи забони модарӣ гардад. Дар ин росто, Стратегияи рушди забони давлатӣ то соли 2030, ки дар Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барномарезӣ шудааст, бояд нақши ҳалкунанда дошта бошад.
Сайфиддин НАЗАРЗОДА,
доктори илми филология, профессор
Ҷумҳурият. 28.06.2017, №:134-135.