Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди имкониятҳои воқеии миллӣ ва суннатҳои азалии халқи тоҷик шароитҳои мусоиди иҷтимоиро фароҳам овард. Маҳз солҳои Истиқлол бо ташаббуси ҳамаҷонибаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми ҷабҳаҳои илму маориф ва фарҳанги миллии мо ба маротиб густариш ёфт. Забони адабии тоҷикии мо, ки дар ин айём ба забони воқеии давлатӣ табдил ёфтааст, ҳарчи бештар ба тамоми қишрҳои ҷомеаи имрӯза доман паҳн карда истодааст. Ба масъалаи таҳқиқу омӯзиши ин падидаи навин забоншиносони зиёди варзидаи мамлакат камар бастаанд, ки дар байни онҳо асарҳои таҳқиқотии Корманди шоистаи Тоҷикистон, доктори илми филология, профессор Сайфиддин Назарзода бо фарогирии доираи масъалаҳо ва ҳаллу фасли мушаххаси онҳо фарқ мекунад.
Сайфиддин Назарзода, ки тарбиятгирифтаи хонаи бачагони деҳаи Танобчии ноҳияи Совет (ҳоло Темурмалик) буд, баъд аз хатми мактаби миёна дар соли 1974 ҳуҷҷатҳои худро ба факултаи шарқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ҳоло ДМТ) месупорад ва имтиҳонҳои қабулро бо муваффақият паси сар карда, ба унвони донишҷӯйи шуъбаи форсиву англисии ин даргоҳ сазовор мегардад. Баъд аз хатми бомуваффақияти донишгоҳ ва хидмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ дар Афғонистон соли 1984 фаъолияти кориашро ба вазифаи сарлаборанти кафедраи филологияи Эрони факултаи забонҳои Шарқи ҳамин донишгоҳ шурӯъ кардааст, аммо баъд аз чанде тақдири худро ба рӯзноманигорӣ пайваста то ба дараҷаи мудири барномаҳои радиои Кумитаи давлатии телевизион ва радиои Тоҷикистон расидааст. Вале ин ҳама ӯро қонеъ карда наметавонад ва соли 1993 ӯ сарнавишти худро ба фаъолияти илмӣ муртабит месозад. ӯаз соли 1986 ҳамчун унвонҷӯ ба навиштани рисолаи илмӣ пардохта, моҳи сентябри соли 1990 баъд аз таъсиси Кумитаи истилоҳоти назди Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин даргоҳ ба кор меояд. Аз соли 1993 то соли 2000 дар Кумитаи истилоҳот ба ҳайси муовини раиси ин муассиса ва аз соли 2004 то соли 2006 дар вазифаи раиси ин кумита кор кардааст. Мавсуф ҳанӯз соли 1991 таҳти роҳбарии донишманди шинохтаи тоҷик, шодравон Р.Х.Додихудоев рисолаи номзадии худро дар мавзӯи «Хусусиятҳои лексикию грамматикии «Аҷоиб-ул-махлуқот ва ғароиб-ул-мавҷудот»-и Аҳмади Тӯсӣ» дифоъ намуда сазовори дараҷаи номзади илми филология гардида буд. Баъд аз чанде дар соли 2004 вай рисолаи доктории худро дар мавзӯи «Истилоҳоти иҷтимоӣ ва сиёсии забони тоҷикӣ: таърих, гаройиш ва дурнамо» дифоъ намуда, соҳиби дараҷаи доктори илми филология мегардад.
Раёсати Академияи илмҳои Тоҷикистон дониши комил, ақлу заковат ва истеъдоди фитрии С.Назарзодаро ба инобат гирифта, ӯро ба сифати роҳбари Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин намуд. С.Назарзода солҳои 2006-2011, ҳангоми дар вазифаи Директори Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ кор карданаш, дар баробари корҳои созмондиҳии инкишофи илми филология, аз ҷумла забоншиносии тоҷик дар самти луғатсозӣ корҳои муҳимеро ба анҷом расонид. Бо ибтикори ӯ дар ин пажӯҳишгоҳи маъруф дар баробари самтҳои дигари пажӯҳишҳои филологӣ, бахши фарҳангнигорӣ хеле фаъол гардид. Маҳз бо кӯшиш ва сарпарастии бевоситаи ӯ «Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ» дар ду ҷилд таҳия гардид, ки он дар як фосилаи кӯтоҳи замонӣ ду маротиба (солҳои 2008, 2010) чоп шуд, ки ин далели ба чунин китобҳои рӯимизӣ ниёз доштани ҷомеа мебошад.
Кори дигари муҳиму мондагоре, ки дар рӯдакишиносии тоҷик анҷом ёфт, ин таҳия ва нашри «Донишномаи Рӯдакӣ» буд, ки ду ҷилди он ҳам бо сарпарастӣ ва дастгирии профессор С. Назарзода ва бо кӯшиши олимони Институт анҷом дода шуд. Бояд гуфт, ки бори аввал дар адабиётшиносии тоҷик чунин кори фарогир ва муҳиму мондагор дар мавриди аҳволу осор ва муҳити камолоти як суханвари бузург сурат гирифт.
Ғайр аз ин, бо ибтикори С. Назарзода дар он солҳо барномаи махсуси таҳияи «Фарҳанги мукаммали забони тоҷикӣ» пешниҳод гардид, ки он аз тарафи Ҳукумати ҷумҳурӣ дастгирӣ ёфт ва соли 2011 ҷилди якуми он китоби бисёрҷилда ба нашр расид. Вале мутаассифона, баъди декани факултети забонҳои Осиё ва Аврупои ДМТ (2011) таъйин шудани профессор С. Назарзода, бо сабабҳои номаълум иҷрои ин барномаи муҳим ба таъхир афтод.
Дар факултети забонҳои Осиё ва Аврупо (собиқ факултети шарқшиносӣ) дар муддати роҳбарии ӯ (2011-2014) тағйироти ҷиддӣ ба вуқӯъ омад. Соҳаҳои фаъолияти факултет дар партави супоришҳои Роҳбари давлат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон васеъ гардида, кафедраҳои нави забонҳои хориҷӣ, забони англисӣ ва типология ба вуҷуд омад. Самти забономӯзии факултет тағйир ёфта, дар баробари таълими забонҳои шарқӣ (форсӣ, пашту, ҳиндӣ, урду, арабӣ, хитоӣ) омӯзиши забонҳои аврупоӣ (англисӣ, олмонӣ, франсавӣ) ба роҳ монда шуд.
Ҳамаи ин кӯшишу заҳматҳои миллатпарастона ва олимонаи профессор С. Назарзода, эътибори фардию илмии ӯро дар муҳити илмию фарҳангии кишвар хеле баланд намуд. Соли 2014 бо пешниҳоди Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон профессор С.Назарзода Директори Муассисаи давлатии Китобхонаи миллии Тоҷикистон таъйин шуд. Бо омадани ӯ раванди ба боргоҳи воқеии илмию маърифатии ҷумҳурӣ табдил ёфтани ин муассисаи бузурги фарҳангии кишвар суръати тоза пайдо намуд. Имрӯзҳо Китобхонаи миллӣ дар баробари маркази китоб ва китобхонии кишвар будан, ба яке аз ниҳодҳои бонуфузи илмию пажӯҳишӣ табдил ёфтааст. Ҳамасола бо роҳнамоӣ ва ибтикори профессор С.Назарзода дар китобхона даҳҳо ҷилд номгӯи китобҳои муҳим ва мавриди ниёзи ҷомеа, сарчашмаҳои муҳимми таърихию адабӣ ва илмӣ, китобҳои иттилоотӣ ва феҳристу китобномаҳо ба нашр мерасанд, ки бисёре аз мушкилоти донишҷӯён, алоқамандон ва ниёзмандонро осон мегардонад. Илова бар ин, сатҳу сифати хизматрасонӣ, фаъолияти толорҳои хониш ва дигар ниҳодҳои китобхона пайваста беҳтар мегардад. Алоқаю ҳамкорӣ ва робитаҳои судманди Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо китобхонаҳои бузурги кишварҳои хориҷ ва китобхонаҳои вилоятию шаҳрӣ ва ноҳиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон сол аз сол меафзояд ва пурсамар мегардад. Ҳамаи ин, на танҳо мақому мартабаи Китобхонаи миллиро дар байни муассисаҳои илмию фарҳангии ҷумҳурӣ боло мебардорад, балки эътибори сарвари донишманд ва кордони онро ҳам дар ҷомеа меафзояд.
Сайфиддин Назарзода вакили маҷлиси вакилони шаҳри Душанбе ва узви кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе мебошад. ӯ инчунин бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон узви ҳайати мушовирони Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин шудааст.
Фаъолияти илмии Назарзода Сайфиддин гуногунҷабҳа буда, ба қалами ӯ 9 монографияи илмӣ, 9 фарҳанг, 2 барномаи таълимӣ ва зиёда аз 200 мақолаи илмӣ ва илмиву оммавӣ тааллуқ дорад. ки ба ҳалли мушкилоти на фақат забони давлатӣ, балки масъалаҳои мухталифи марбути илми филология, фарҳангшиносӣ, маорифи халқ ва ғайра бахшида шудаанд. Яке аз таҳқиқотҳои аввалини С.Назарзода, ки бо роҳнамоии профессор Р.Х.Додихудоев анҷом дода шудааст, ба таҳқиқу баррасии забони асари нодири асри ХІІ «Аҷоиб-ул-махлуқот ва ғароиб-ул-мавҷудот»-и Аҳмади Тӯсӣ бахшида шудааст. Дар ин асар муҳаққиқ дар баробари муқаррар намудани мавқеи ин асари таърихӣ дар адабиёти тоҷик, дараҷаи омӯхта шудани он ва тарҷумаи ҳоли муаллиф хосиятҳои луғавию грамматикии онро батафсил таҳқиқ мекунад. Қайдҳои пажӯҳишгар, ба хусус дар бобати таркиби луғавии асар ҷолиби диққатанд. Вай дар баробари муайян намудани қабатҳои қадимтарини луғати сирф тоҷикии дар ин сарчашма истифодашуда, соҳаҳои корбурди онҳоро низ муайян намудааст. Ба ақидаи муҳаққиқ бештари чунин калимаҳо дар ифодаи мафҳумҳои ситорашиносӣ, ҷуғрофӣ, маъданҳои кӯҳӣ, ҳаёти иҷтимоӣ, динӣ, ҳодисаҳои фавқуттабиӣ, наботот ва ҳайвонот истифода шудаанд. Махсусан дастовардҳои муҳаққиқ доир ба пайдоиши қабатҳои ҷудогонаи забони ин асар хеле ҷолибанд. Ба масъалаи маншаи лексикаи иқтибосии забони «Аҷоиб-ул-махлуқот…» таваққуф намуда, дақиқназарона намунаи вомвожаҳои забонҳои юнонӣ, лотинӣ, оромӣ, ҳиндӣ, ҳабашӣ, арабӣ ва туркиву муғулии дар ин сарчашма истифодашударо таҷзия менамояд.
Бо вуҷуди он ки қайдҳои грамматикии муҳаққиқ дар нисбати хосиятҳои луғавии онҳо камтар ба назар мерасанд, онҳо фардияти забони ин гунна осори таърихиро равшан дода метавонанд. Чунончи, роҷеъ ба махсусиятҳои ифодаи ҷамъбандии исмҳо, гурӯҳи вожаҳои мансуб ба шумораҳо, феълҳо, ҷонишинҳо, ҳиссаҳои ёвари нутқ ва муносибати ибораҳо бо калимаҳо ӯ маълумоти ниҳоят нодирро овардааст, ки дар тасвири грамматикаи таърихии забони тоҷикӣ мавриди истифода қарор гирифта метавонанд.
Таҷрибаи аз таҳқиқи забони ин сарчашмаи таърихӣ андӯхтаи С.Назарзода боис мегардад, ки минбаъд ӯ ба масъалаҳои лексикаи забони адабии тоҷикӣ ба тариқи ҷиддӣ машғул шавад. Ба ин мақсад вай дар солҳои баъдӣ ба таҳқиқи мушкилоти истилоҳоти илмии забони тоҷикӣ мепардозад ва солиёни зиёд дар масъалаҳои мухталифи истилоҳоти илмии тоҷикӣ пажӯҳиш бурда, мушкилоти фаровони онро ҳаллу фасл менамояд. Натиҷаи ин марҳилаи таҳқиқотии ӯро мундариҷаи асарҳои монографии «Ташаккули истилоҳоти иҷтимоӣ-сиёсии забони тоҷикӣ дар садаи ХХ» (Душанбе, 2004. – 302 саҳифа), «Истилоҳоти забони тоҷикӣ: таърих, гароиш ва дурнамо» (Душанбе, 2013. – 367 саҳифа), «Забон ва бедории миллӣ» (Душанбе, 2015 – 84 саҳифа), «Пояҳои густариши забони миллӣ», (Душанбе,2016 – 272 саҳифа) ва мақолаҳои зиёди дигар ташкил медиҳанд. Дар ин монографияҳои ниҳоят муътамад ва таълифоти дигари муаллиф масъалаҳои таърихи таҳқиқи истилоҳу истилоҳшиносии тоҷик, асосҳои назариявии истилоҳшиносии муосир, масъалаҳои забони илми тоҷикӣ, мавқеи истилоҳот дар фарҳангу луғатҳои мухталиф таҳқиқ шудаанд.
Ба масъалаи асосҳои назариявии истилоҳсозии муосир таваққуф намуда, муҳаққиқ ба натиҷае расидааст, ки дар илми забоншиносии имрӯза масъалаҳои истилоҳ ва истилоҳшиносӣ ҳанӯз ба пуррагӣ ҳалли худро наёфтаанд. Сарфи назар аз ин вазъият вай оид ба масъалаи нишонаҳои хосаи истилоҳ таваққуф намуда, ба хулосае омадааст, ки истилоҳ ҳатман калима ё ибораи дар истифодабудаи забон аст ё мумкин аст, ки он ҳамин гуна калима ё ибораи ба тозагӣ сохташуда ё аз забони дигар иқтибосшуда бошад. Истилоҳ ҳатман мафҳумро ифода мекунад, бинобар ин он аз ҷумлаи чунин калима ва ибораҳое ба вуҷуд оварда мешавад, ки онҳо эҳсосотро дар бар намегиранд, зеро истилоҳ фақат номи мафҳум аст ва он бояд дефинитсияи онро ба пуррагӣ ифода карда бошад. Дар заминаи ин ҳама аломату нишонаҳои лингвистии истилоҳ дар охир меъёрҳои муайянкунандаи истилоҳоти илмӣ ва фарқи онҳо аз калимаву ибораҳои одӣ оварда мешаванд.
Муҳаққиқи собитқадам мавзӯъҳои инкишофи истилоҳсозии даврони шӯравӣ ва забони илми тоҷикро мавриди баррасӣ қарор дода, раванди ташаккули онҳоро ба чор марҳилаи ба ҳам алоқаманд ҷудо кардааст: Марҳилаи якум (солҳои 1919-1932); марҳилаи дуюм (1933-1960); марҳилаи сеюм (1960-1989); марҳилаи чорум (1989- то рӯзҳои мо). Тавре ки вай дар шарҳи марҳилаҳои охири ин тақсимбандӣ овардааст: «баъди ба Истиқлол расидани Тоҷикистон дар солҳои аввал дар инкишофи забони тоҷикӣ ва истилоҳгузинии он давра растохези аҷибе падид омад. Маҳдудияту мамониатҳо аз байн рафтанд ва истилоҳоти фаровони сиёсӣ ва иҷтимоии навсохт аз форсии Эрон ва дарии Афғонистон дар забони гуфтор ва навиштори тоҷикӣ иқтибос гардид».
Ба ақидаи профессор С.Назарзода ҳадаф аз пажӯҳиши ҳамаҷонибаи истилоҳоти тоҷикӣ муқаррар намудани қонуниятҳои мавҷудият ва корбурди онҳо, фароҳам овардани анвои мухталифи фарҳангу луғатҳои соҳавӣ мебошад. Дар солҳои Ҳокимияти Шӯравӣ намунаҳои мухталифи чунин фарҳангу луғатҳо ба вуҷуд оварда шудаанд ва онҳо бо вуҷуди аз камбудиву нуқсонҳои фаровони назариявӣ орӣ набудан барои инкишофи забони илми тоҷик хидмати сазоворро анҷом додаанд. Дар оянда бояд сифати чунин фарҳангу луғатҳо тибқи дастовардҳои назариявию амалии луғатнигориву истилоҳгузинии муосир баланд бардошта шаванд, то ки дархӯри ниёзмандиҳои рӯзафзуни мутахассисони соҳаҳои мухталифи илму истилоҳот гарданд.
Ҳамин тариқ, дар ин асарҳои бунёдии профессор С.Назарзода бори аввал дар забоншиносии тоҷик масъалаҳои ташаккул ва инкишофи забони илм ва истилоҳсозиву истилоҳгузинии тоҷик, усулҳои минбаъдаи такмилдиҳии онҳо, хусусиятҳои вожаву ибораҳои тоҷикии ба ҳайси истилоҳ интихобшуда ва имкониятҳои амалии истилоҳсозии имрӯзаи тоҷикӣ ба таҳқиқ расидаанд.
Пажӯҳиши ҳамаҷонибаи мушкилоти луғатшиносӣ, луғатнигорӣ ва хосатан истилоҳшиносии тоҷик, ба вуҷуд овардани асосҳои назариявии ин бахшҳои лингвистикаи тоҷикӣ ба профессор С.Назарзода имконият доданд, ки як силсила фарҳангу луғатҳои навинро ба вуҷуд оварад ва ба номгӯйи калони фарҳангу луғатҳои соҳавию касбӣ вазифаи муҳарририро адо намояд. «Фарҳанги мухтасари истилоҳоти коргузорӣ» (Душанбе, 1993), «Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқӣ» (1994), «Фарҳанги мухтасари иҷтимоӣ-сиёсӣ» (2006) аз ҷумлаи луғатҳои истилоҳие мебошанд, ки бевосита худи ӯ муаллифӣ кардааст ва ё дар таҳрири онҳо ширкат варзидааст. Мавсуф ҳамчунин дар танзими «Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ» (дар 2 ҷилд.– Душанбе, 2008) ва «Фарҳанги мукаммали забони тоҷикӣ» (ҷилди І.– Душанбе, 2011) хидмати шоистаро ба анҷом расонидааст. Дар рафти таълифи ин ду фарҳанги охир ӯ ҳамчун яке аз муаллифон ширкат карда, дар баробари ин вазифаи муҳаррири масъули онҳоро низ адо намудааст.
Самти дигари забоншиносии тоҷик, ки дар он профессор С.Назарзода фаъолияти бориз дорад, танзиму такмили қоидаҳои имлои он аст. Вай дар кори мураттаб сохтани гунаи охирини қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ, ки соли 2011 ба тасвиб расидааст, дар ҳайати як дастаи мунтахаби забоншиносии тоҷик хеле фаъолона заҳмат кашид. Натиҷаи кори қариб дусолаи ин гурӯҳи корӣ ҳамин шуд, ки ба қоидаҳои имлои тоҷикӣ як идда тасҳеҳу иловаҳои пурманфиат ворид карда шуд, ки сифати қоидаҳои имлои забони тоҷикиро боз ҳам беҳтар ва усулҳои истифода аз онҳоро боз ҳам суфтатар гардонид. Профессор С.Назарзода дар мавзӯи қоидаҳои дурустнависии тоҷикӣ ҳамчунин ба номи «Имло ва забони адабӣ» (Душанбе, 2015) монографияе таълиф намудааст, ки дар он аз таърихи хат ва имлои забони тоҷикӣ сухан меравад. Дар он, аз ҷумла дар бораи хат ва имлои забонҳои Эрони бостон – авастоӣ, форси қадим; эронии миёна – паҳлавӣ, портӣ, бохтарӣ, суғдӣ, ки ба гузаштаи тоҷикии мо наздикии тавъам доранд, маълумот дода шуда, намунаи имлою алифбои онҳо оварда мешавад. Қисмати асосии ин китобро баррасии масъалаҳои хат ва имлои забони тоҷикӣ дар даврони шӯравӣ ва Истиқлол ташкил медиҳад.
Умуман, профессор С.Назарзода дар тӯли фаъолияти начандон дарози илмиву омӯзгории худ беш аз 170 номгӯй асару мақолаҳои ҷудогонаро ба табъ расонидааст, ки зиёда аз 20 номгӯйи онҳоро китобу монографияҳо ташкил медиҳанд.
Мавсуф дар баробари фаъолияти пайвастаи роҳбарӣ дар муассисаҳои мухталиф ва фаъолияти илмиву омӯзгорӣ дар кори тарбияву тайёр намудани кормандони дараҷаи баланди илмии мамлакат низ саҳми арзанда дорад. Солҳое, ки сарварии Институти забон ва адабиёти Академияи илмҳои Тоҷикистонро ба уҳда дошт, фаъолияти қатъшудаи шӯрои диссертатсионии онро барқарор карда, амали онро ниҳоят ҷоннок намуд. Дар як муддати қӯтоҳ дар ин шӯро 12 нафар довталаб ба дараҷаи доктори илми филология ва 48 нафари дигар ба дараҷаи номзади илмҳои филологӣ соҳиб шуданд. Таҳти роҳбарии бевоситаи худи профессор С.Назарзода 11 нафар рисолаи номзадӣ ва 3 нафар рисолаи докторӣ дифоъ кардаанд. ӯ солҳои 2007-2011 раиси Шӯрои диссертатсионии ҳимояи рисолаҳои доктории Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ буд, ҳоло узви Шӯрои диссертатсионии ҳимояи рисолаҳои доктории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад.
Зикри ин ҳама заҳмату фаъолияти гуногунҷабҳаи профессор С.Назарзода гувоҳи он мебошад, ки ӯ барои миллати шарифи тоҷик, пешрафти илму фарҳанги он бедареғ пурмаҳсул заҳмат мекашад. Мо бо боварии том гуфта метавонем, ки ӯ ба дарёфти унвони баланди узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон сазовор аст.
Ҳомид Маҷидов,
доктори илми филология, профессор.
Ҳамрохон Дӯстов,
номзади илмҳои филология, дотсент.
Адабиёт ва санъат. – 29-уми июни соли 2017, №26 (1893). – С.4-5.