Китобхонаи миллӣ дар таърихи навини тоҷик яке аз сутунҳои асосии таҳкими арзишҳои миллӣ ва василаи таблиғи маҳфумоти давлатдории миллии тоҷикон дар миёни ҷавонон маҳсуб мешавад. Ин иддао аз маншаъ мегирад, ки фаъолияти бахши бақайдгирии шуъбаи хизматрасонӣ ба муштариён нишон додааст, ки аз оғози фаъолияти Китобхона то ба имрӯз ба узвияти Китобхонаи миллии Тоҷикистон 126919 нафар хонанда пазируфта шудааст, ки 20072 нафари он танҳо дар шашмоҳаи аввали соли равон ба узвияти Китобхонаи миллӣ пазируфта шудаанд. Агар ин рақамро ба ҳамин давраи соли 2016-ум муқоиса намоем маълум мешавад, ки 12656 нафар зиёдтар мебошад. Умуман теъдоди аъзошавӣ дар шаш моҳи соли ҷорӣ нисбат ба соли 2013-ум 2 маротиба, соли 2014-ум 2,3 маротиба, соли 2015-ум 2,5 маротиба ва нисбат ба соли 2016-ум 2,7 маротиба зиёд аст. Яъне рӯз то рӯз таваҷҷуҳи аҳолӣ ба китобхона афзоиш меёбад.
Мавриди зикр аст, ки соли равон Китобхонаи миллӣ дар ҳамдастӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи таблиғотии “Даъват ба китоб ва Китобхона”-ро барои ҷалби хонанда ба роҳ монд. Кормандони Китобхона гурӯҳҳои корӣ ташкил намуда, дар муассисаҳои таълимӣ, боғу гулгашт, кӯчаву хиёбонҳо бо баргузор кардани суҳбатҳои таблиғотӣ ва чорабиниҳои фарҳангӣ донишҷӯёну талабагон ва дар маҷмӯъ аҳли кишварро ба китобхонию Китобхонаи миллӣ ҷалб намуданд. Дар натиҷаи корҳои тарғиботию фаҳмондадиҳӣ дар шаш моҳи соли ҷорӣ ба узвияти Китобхонаи миллӣ 20072 хонанда пазируфта шуд, ки нисбат ба солҳои гузашта ба маротиб зиёд аст ва 6800 нафари онҳо донишҷӯёни макотиби олӣ мебошанд.
Ташрифи хонандагон низ ба толорҳои хониш, толори электронӣ, толори маводҳои мусаббат, толори феҳриствораҳо, гӯшаҳои кишварҳои хориҷӣ ва дигар нуқтаҳои хизматрасонӣ ба маротиб афзуда дар шашмоҳаи аввали соли 2017-ум ба 281998 нафар баробар шудааст, ки назар ба шашмоҳаи аввали соли 2016-ум 109639 нафар зиёд аст ва ба ҳисоби миёна дар як рӯз 1600 нафар хонанда ва 163,6%-ро ташкил медиҳад ва нисбат ба шашмоҳаи аввали соли 2016-ум 615 нафар зиёд мебошад. Шумораи умумии адабиёти пешниҳодшуда ба хонандагон 166462 нусхаро ташкил дод, ки нисбат ба шашмоҳаи аввали соли 2016-ум 31725 нусха зиёд аст ва 123,5%-ро ташкил медиҳад.
Китобхона барои ба қайдгирии электронии хорнандагон ва гузариш ба шакли электронии фаъолият Веб-барномаи “Барӯйхатгирии теъдоди хонандагон”-и толорҳои хониши Китобхонаи миллиро омода намудааст, ба санҷиш пешниҳод намудааст, ки хонандагонро ба таври онлайн хизматрасонӣ менамояд.
Вазъи ҷаҳони муосир ва рушди технологияи муосир, ки ҳамеша фарҳангу тамаддунҳоро зери хатар гузоштааст моро водор месозад, ки дар ин раванд ҳушёр бошем ва мағзи наврасони худро соҳибӣ карда тавонем. Бо ин мақсад дар Китобхонаи миллӣ лоиҳаи сомонаи “Кӯдакона” барои дастёбии хонандагони то синни мактабӣ омода карда шуд ва ҷиҳати амалисозии лоиҳа нақшаи корӣ тартиб дода шуд ва корҳои саҳифасозӣ ва скриптнависӣ барои ташкили саҳифаи асосии сомонаи “Кӯдакона” ва базаи маълумотӣ дар асоси забони барномасозии php ва базаи маълумотии MySQL дар арафаи анҷомёбист. Барнома ва сервери дарҳои электронӣ ва соатҳои электронии Китобхонаи миллӣ аз нав фаъол карда шуд. Веб-барномаи маркази иттилооти ҳуқуқӣ омода ва ба истифодаи хонандагон дода шуд. Инчунин барои ҷолибтар шудан дизайни нави саҳифаи асосии Китобхонаи электронии Китобхонаи миллии Тоҷикистон омода карда шуд.
Аз тарафи кормандон китобҳои “Таърихи Бухоро, Хӯқанд ва Қошғар”, “Вожашиносии таърихи забони форсӣ” ва “Забон бозтоби замон” таҳия ва ба чоп омода карда шуданд. Китобҳои “Аз Баҳор то Шаҳриёр”, “Табақоти Носирӣ” ва “Дастур-ул-илоҷ” ба хатти кириллӣ баргардон шуда истодааст, ки барои хонандагони кишвар як туҳфаи арзанда маҳсуб мешавад.
Ҳамзамон Китобхонаи миллӣ барои дастури методии “Усулҳои нигоҳдошти фонди китобхонаҳо” ва мавзӯъҳои “Феҳристнависӣ ва барганависӣ”, “Китобхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон: маълумотнома”, “Мавлуднома-солнома: намояндагони сиёсӣ, илм, адаб ва фарҳанги Тоҷикистон”, “Муаррихони тоҷик”, “Тақвими санаҳои ҷашнии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2018”, “Абдуллоҷон Юнусов: китобномаи шарҳиҳолӣ”, “Муҳаммадсаид Убайдуллоев: китобномаи шарҳиҳолӣ”, китоби “Арбобони илми тоҷик”, дастури библиографии Гулрухсор Сафиева, дастури методӣ дар мавзӯи “Ҷавонон” мавод ҷамъоварӣ карда шуд, ки ин ҳама дар шашмоҳаи аввали соли 2017 амалӣ шудаанд.
Рӯҳияи хонандагон, хостаҳои хонандагон ва нигоҳи кормандон ба фаъолият ва раванди кори Китобхона яке аз нуктаҳои муҳим дар коргузорӣ маҳсуб мешавад, ки баҳри муайян намудани ин ҷанба таҳқиқотҳои сотсиологӣ дар мавзӯъҳои “Ниҳодҳои ҷамъиятӣ дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон”, “Хонандагони шуъбаи хизматрасонии махсус” ва “Донишҷӯй ва Китобхона” ва монанди инҳо гузаронида шуд. Таҳқиқот доир ба “Вазъи омаду рафти хонандагон дар толору шуъбаҳои Китобхона” доим гузаронида мешавад.
Илова бар ин, тибқи нақшаи корӣ шуъбаи маркетинг ва менеҷменти фаъолияти китобдорӣ барои баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ба хонандагон дар толору шуъбаҳои хизматрасон пурсишномаҳо мегузаронад. Ба хонандагон саволнома пешкаш намуда, фикру пешниҳодҳои онҳоро барои бартараф намудани камбудиҳои раванди хизматрасонӣ муайян месозад.
Аз тарафи маркази Конуни забони тоҷикӣ ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ китоби Ғ. Ашқарӣ “Садои ошно” дар ҳаҷми 207 саҳифа ва китоби Аҳмади Тӯсӣ “Аҷоибнома” дар ҳаҷми 602 саҳифа ба чоп расонида шуд. Баргардон ва ба нашр омода намудани «Фарҳанги рӯзи сухан» ва такмилу таҳрири «Фарҳанги мукаммали забони тоҷикӣ» идома дорад. Ашъори Ҳушанг Ибтиҳоҷи Соя дар ҳаҷми 320 саҳифа баргардон ва ба чоп омода шудааст, ки аз барои дастраси хонандагон шудани онҳо талош меварзем.
Инчунин дар китобхона курсҳои забономӯзӣ фаъолият мекунад, ки танҳо дар шаш моҳи аввали соли равон 261 нафар дар курсҳои забонҳои чиноӣ, арабӣ, куриёӣ, русӣ, англисӣ ва олмонӣ таҳсил намуданд ва ба нафарони аз санҷиши ниҳоӣ гузашта, сертификат дода шуд.
Маркази «Тоҷикшиносӣ» нусхаҳои пешазчопии китобҳои Д.Н. Логофед «Кишвари беҳуқуқон» ва “Дар кӯҳу водиҳои Бухоро” (524 с.), “Динкард” (324 с.), ҳарфгардонии китобҳои Алӣ ибни Усмони Ҳуҷвирӣ «Кашф-ул-маҳҷуб» (250 с. А-4), Эдуард Браун “Таърихи адабиёти Эрон (аз Саъдӣ то Ҷомӣ)” (172с. А-4), таҳияи китоби «Бохтар дар масири тамаддун»-ро (300 с. А-4) анҷом дод. Китобҳои В.А. Массон “Страна тысячи городов” (143 с. А-4) ва “Первые цивилизации” (43 с. А-4) тарҷума карда шуданд.
Соли равон Китобхонаи миллӣ барои рушди соҳаи китобдорӣ маҷаллаи тахассусии “Китобдорӣ”-ро дар арафаи иди байналмилалии Наврӯз ба нашр расонид, ки дар саҳифаҳои он масъалаҳои муҳимми китобдорӣ инъикос ёфта, баррасӣ шудаанд. Нашри шумораҳои минбаъдаи маҷалла ба нақша гирифта шудааст.
Аз ҷониби мутахассисони Маркази такмили ихтисоси Китобхона барномаҳои таълимӣ ва курсҳои кутоҳмуддати такмили ихтисос барои бозомӯзии кормандони Китобхонаи миллӣ ва китобхонаҳои соҳавӣ ташкил карда шуд. Барои омӯзиш, тарғиб ва таълими донишҳои китобдорӣ барномаҳои таълимии «Фаъолияти китобдорӣ-иттилоотӣ: барои роҳбарони китобхонаҳо», «Фаъолияти китобдорӣ-иттилоотӣ: барои китобдорони навомӯз», «Фаъолияти китобдорӣ-иттилоотӣ: барои китобдорон», «Асосҳои дониши библиографӣ», «Асосҳои дониши компютерӣ» ва «Истифодабарии технологияи муосир дар фаъолияти китобхонаҳо» таҳия карда шуда ва амалан татбиқ шуда истодааст. Инчунин курси «Омӯзиши донишҳои компютерӣ» роҳандозӣ карда шуд, ки 34 нафар корманди Китобхона онро хатм намуда, соҳиби сертификат гардиданд. Аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ – 11 нафар, Донишкадаи технологии Тоҷикистон – 4 нафар ва Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шотемур – 4 нафар курси бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси “Фаъолияти китобдорӣ-иттилоотӣ”-ро хатм намуда, соҳиби сертификат гардиданд.
Китобхона тавассути мубодилаи байналмилалии китоб бо китобхонаҳои мухталифи мамлакатҳои хориҷӣ ҳамкорӣ намуда, бо китобхонаҳои 28 давлати ҷаҳон ҳамкориҳои мубодилавӣ дорад. Байни Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва 9 китобхони хориҷӣ Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ имзо шудааст, ки равобити байналмиллалии Китобхонаро тақвият медиҳад, зеро самти робитаҳои байналмилалӣ масъалаи асосии корӣ маҳсуб шуда, бо Китобхонаи миллии Фаронса, Китобхонаи миллии Малайзия, Китобхонаи миллии Туркия ва дигар кишварҳо равобити корӣ сурат мегирад.
Дар сомонаи Китобхона ҳамарӯза хабару мақолаҳои кормандон ҷой дода мешавад, ки дар онҳо чорабиниҳои фарҳангии баргузоршуда, навгониҳои олами китоб, ҷанбаҳои мухталифи фаъолияти бахшу шуъбаҳо, таблиғоти ҷалби хонанда ва ғайра инъикос меёбанд. Танҳо дар шаш моҳи аввали сол дар сомонаи Китобхона 351 мавод – хабар, мақола, гузориш ва мусоҳиба гузошта шуд, ки онро 178936 нафар (ба ҳисоби миёна дар як рӯз тақрибан 1000 нафар) мутолиа намудаанд.
Ба намоиш гузоштани китобҳои тозанашр ва мавзӯӣ аз ҷониби шуъбаҳо пайгирона амалӣ карда мешавад. Аз ҷумла дар шашмоҳаи аввали соли 2017-ум зиёда аз 20 намоиши китобӣ баргузор карда шудааст, ки онҳо фарогири мавзуҳои гуногуни ҳаёти сиёсию иқтисодӣ, фарҳангию иҷтимоӣ ва байналмиллалӣ мебошад.
Ба таври умум нишондиҳандаҳои асосии фаъолияти Китобхонаи миллиро дар нимсолаи аввали соли 2017 метавон чунин гурӯҳбандӣ намуд:
1. Миқдори хонандагони аъзошуда ба Китобхонаи миллӣ аз оғози фаъолият 123059 нафарро ташкил медиҳад. Дар шашмоҳаи аввали соли 2017-ум 20072 нафар ба Китобхонаи миллӣ аъзо шуданд, ки нисбат ба шашмоҳаи аввали соли 2016-ум 12656 нафар зиёд аст ва 6800 нафари онҳо донишҷӯён мебошанд. Умуман теъдоди аъзошавӣ дар шаш моҳи соли ҷорӣ нисбат ба соли 2013-ум 2 маротиба, соли 2014-ум 2,3 маротиба, соли 2015-ум 2,5 маротиба, соли 2016-ум 2,7 маротиба зиёд аст.
2. Шумораи хонандагони ташрифоварда дар шашмоҳаи аввали соли 2017 ба толорҳои хониш, толори электронӣ, толори маводҳои мусаббат, толори феҳриствораҳо, гӯшаҳои кишварҳои хориҷӣ ва дигар нуқтаҳои хизматрасонӣ ба хонандагони Китобхона 281998 нафарро ташкил дод, ки назар ба шашмоҳаи аввали соли 2016-ум 109639 нафар зиёд аст ва ба ҳисоби миёна дар як рӯз 1600 нафар буда, 163,6%-ро ташкил медиҳад ва нисбат ба шашмоҳаи аввали соли 2016-ум 615 нафар зиёд мебошад.
3. Миқдори сарчашмаҳо, китобҳо ва рӯзномаву маҷаллаҳо, ки ба хонандагони Китобхонаи миллӣ барои истифода ва мутолиа пешниҳод гардид чунин аст: 166462 адад, ки нисбат ба шашмоҳаи авввали соли 2016-ум 31725 адад зиёдтар аст ва 123,5%-ро ташкил медиҳад.
4. Пешниҳоди маълумоти шифоҳӣ ва хаттӣ ба хонандагони Китобхона 6123 ададро ташкил намуд.
5. Дар шашмоҳаи аввали соли 2017-ум миқдори меҳмонони дохиливу хориҷӣ, ки ба Китобхонаи миллӣ ташриф оварданд, 10564 нафарро ташкил медихад, ки нисбат ба шашмоҳаи аввали соли 2016-ум 2786 меҳмон зиёд аст.
6. Дар Китобхона дар шашмоҳаи аввали соли 2017-ум 58 адад чорабиниҳои дорои аҳамияти байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ баргузор гардид, ки нисбат ба шашмоҳаи аввали соли 2016-ум 11 адад зиёд аст.
7. Теъдоди хонандагони сомонаи Китобхона 178936 нафарро ташкил дод, ки ба ҳисоби миёна дар як рӯз тақрибан 1000 нафар вориди он гардидаанд.
8. Миқдори хонандагони визуалӣ 70083 нафарро ташкил медиҳад, ки ин нишондод нисбат ба шашмоҳаи аввали соли 2016-ум 18083 адад зиёд аст ва 134,7%-ро ташкил медиҳад, ки онҳо 210249 маводи электрониро истифода карданд.
Сайфиддин Назарзода