Ҷумҳурии Тоҷикистон 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии худро бо шукӯҳу шаҳомат пешвоз мегирад. Дар назди таърихи чандинҳазорсолаи сарнавишти миллати мо ин давра шояд аз лиҳози замони саҳифае беш набошад, вале аз лиҳози пешомади рӯйдоду ҳодисаҳо ва пайдо шудани чархиши бунёдӣ дар рушду нумӯи ин сарзамину ин миллати бостонӣ дар таърих назир надорад. Таъмини сулҳу ваҳдати умумиву саросарӣ баъд аз чанд соли ҷанги дохиливу бародаркуш, ба марҳилаи созандагиву бунёдкорӣ қадам гузошта, дар як муҳлати кутоҳтарин дар амал пиёда намудани ҳадафҳои муҳими стратегӣ (аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардан ва ба кишвари транзитӣ табдил додани кишвар, таъмини амнияти озукаворӣ ва ба кишвари содиркунандаи хурокворӣ мубаддал шудани Тоҷикистон, таъмини истиқлолияти энергетикии кишвар ва ғайра), дар амал татбиқ намудани ислоҳоти бунёдӣ дар риштаҳои маорифу тандурустӣ, сохторҳои кишоварзиву саноатӣ намунае чанд аз дастовардҳои бунёдии даврони истиқлоланд. Тамоми ин дастоварду муваффақияту музаффариятҳо зери роҳбариву роҳнамоиҳои бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори Сулҳу Ваҳдат, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифтааст. Заковату хиради азалӣ, дурбинӣ ва зиракиву ҳушёрии сиёсии Сарвари тоҷикони ҷаҳон маҳаки асосӣ ва бунёдии таъмини ҳамаи ин музафариятҳост.
Дар бахши иҷтимоиёт ва махсусан фарҳангу маърифат низ дастовардҳо бисёр назаррас аст. Забон, ки яке аз рукнҳои асосии давлатдории миллист, доимо ва пайваста дар зери таваҷҷуҳи Сарвари миллати мост. Бисёре аз суханони Президенти Ҷумҳурии мо оид ба забони модарии мо имрӯз вирди забони тамоми сокинони ҷумҳурист. Ҳарчанд дар даврони шӯравӣ барои рушди забони тоҷикӣ ҳамчун забони расмии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон корҳои зиёде анҷом гирифта, ҷанбаҳои гуногуни илмии он дар муассисаҳои таҳқиқотӣ пажӯҳиш шуда, асоси таҳқиқи забоншиносии он бо усулҳои муосиртар поягузорӣ шуда бошад ҳам, бо тақозои давру замон ва сохтмони ҷомеаи нави “халқи шӯравӣ” ва забони расмии ин халқи “номниҳод” шудани забони русӣ, забони тоҷикӣ дар баробари дигар забонҳои Иттиҳоди Шӯравӣ ба забони дувумдараҷа ва забони хонагиву баъзе бахшҳои таълим табдил ёфт. Чунин вазъият дар даврони бозсозӣ ба бедории миллии мардуми тоҷик дар шакли ба забони модарии мо додани мақоми расмӣ оварда расонд, ки дар ниҳояти амр бо Қабули Қонуни забон дар таърихи 22 июли соли 1989 ин муборизаи фарҳангӣ ба пирӯзии мардуми тоҷик анҷом ёфт. Дар ин бора Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон чунин фармудааст: «Истиқлолияти фарҳангии Тоҷикистон дар даҳсолаҳои охир ба назари ман аз кӯшишу талошҳои зиёиёни равшанзамир ва аҳли ҷомеа баҳри истиқлолияти забон ва мақоми давлатӣ ёфтани он оғоз ёфт». (1)
Забони тоҷикӣ ба ҳайси забони давлатӣ баъд аз эъломи Истиқлол тамоми соҳаҳои ҳаёти иҷтимоиву сиёсӣ ва иқтисодиву фарҳангии ҷомеаро фаро гирифта, имрӯз ба забони муоширати миллатҳои гуногуни сокини Тоҷикистон табдил ёфтааст. Албатта, рушду инкишофи забони тоҷикӣ дар даврони Истиқлол бояд аз нигоҳи таҳқиқи дақиқ ва мукаммали илмӣ, бо назардошти нақши забони миллӣ дар афкори иҷтимоӣ ва сиёсӣ баррасӣ ва дурнамои пешрафти он дар солҳои оянда муайян гардад. Бояд гуфт, ки асосҳои таҳқиқи ин масъала дар суханрониву асарҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ба таври ҳамаҷониба тарҳрезӣ ва барномарезӣ шудааст. Метавон гуфт, ки дар асоси нишондодҳои дурбинонаи Президенти кишвар месазад Барномаи рушди забони давлатӣ ва дигар забонҳои мутадовил дар Тоҷикистонро барои даҳсолаҳои оянда таҳия намуд. Ҳар соли даврони Истиқлол барои рушду инкишофи забони модарии мо як саҳифаи заррин ва тоза боз мекунад. Махсусан, баъди солҳои 1992-1993 бо ба эътидол омадани вазъи сиёсӣ ва иҷтимоии кишвар масъалаи пуштибонӣ аз забони давлатӣ, таҳияи тадбирҳои мушаххас барои рушду инкишофи забони давлатӣ яке аз самтҳои асосии сиёсати фарҳангӣ ва забонии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гардид.
Дар даврони истиқлол бо фаро расидани шароити мусоид барои инкишоф ва пешрафти забони давлатӣ ва забоншиносии миллӣ тамоми монеаҳои сунъии сиёсиву назариявӣ ва идеологӣ бардошта шуд. Дар ин давра бо дар амал пиёда шудани сиёсати воқеан миллии забонии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Президенти кишвар Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон нақши забони тоҷикӣ ба ҳайси забони давлатӣ ба маротиб афзуд. Махсусан, асарҳои Президенти кишвар (2), суханрониҳои ӯ дар маҳфилу чорабиниҳои гуногун (3) дар пайрезии сиёсати забонии давлат, муайян кардани самтҳои асосии инкишофи забон ва забоншиносии тоҷик нақши бунёдӣ ва раҳнамоӣ доштанд. Бояд гуфт, ки ақидаҳо ва пешниҳодҳои Президенти кишвар дар ин бобат на танҳо хусусияти назариявӣ, балки хусусиятҳои амалӣ ҳам доранд, ки дар ин бора бояд ба таври алоҳида сухан ронд.
Дастовардҳои асосии моро дар даврони Истиқлол метавон ба таври фишурда ба шакли зер гурӯҳбандӣ кард:
1. Ба забони тавонои давлатӣ, расмиву коргузорӣ табдил ёфтани забони тоҷикӣ;
2. Таҳияи як силсила асарҳои муҳим дар бахши забоншиносии тоҷик. Махсусан, асарҳо оид ба таърихи забони тоҷикӣ (4), забони муосири тоҷикӣ (5), фарҳангу луғатномаҳои гуногун «Фарҳанги тоҷикӣ ба русӣ», «Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ», «Донишномаи Рӯдакӣ», “Фарҳанги мукаммали забони тоҷикӣ” (ҷилди 1) ва ғайра. (6)
3. Ба забони муоширати байни халқҳои сокини кишвар табдил ёфтани забони давлатӣ.
Тавре ки Президенти кишвар дар яке аз суханрониҳояшон мефармоянд: «Дар замони истиқлолият забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ пайдо карда, дар асоси меъёрҳои таърихӣ ва адабӣ ташаккул пайдо мекунад ва тадриҷан вазифаи забони муоширати байни намояндагони миллатҳои гуногуни сокини кишварро ба дӯш мегирад. Аз ин рӯ, истиқлоли давлатӣ ҳамчун омили воқеии эҳёи забони мо дониста мешавад». (7) Дар ин гуфтаҳои Президенти кишвар ду нуктаи бисёр муҳим нуҳуфта аст. Аввалан, Истиқлолияти Тоҷикистон барои рушди забони давлатӣ тамоми шароитро фароҳам овардааст. Сониян, ин шароит имкон додааст, ки забони тоҷикӣ дар қаламрави Тоҷикистон ба забони муоширати байни халқҳои сокини Ҷумҳурии Тоҷикистон мубаддал шавад.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қабули як силсила қарори тадбирҳои мушаххас бобати беҳтар кардани вазъи ҳуқуқии забони тоҷикӣ ва татбиқи марҳила ба марҳилаи қонуни забони тоҷикӣ дар Комиссияи татбиқи қонуни забони назди ҲукуматиҶумҳурии Тоҷикистон барои таҷдиди қонун ва таҳияи қонуни нави забон комиссияи махсус таъсис дод, ки муддати солҳои 2007-2008 матни қонуни нави забонро бо номи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия карда ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуд.
5-уми октябри соли 2009 қонуни нави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо номи «Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи забони давлатӣ» қабул гардид. Дар қонуни нав масъалаҳое, ки дар Қонуни забони пешин набуд, ҷойгоҳи худро пайдо кард ва ин қонун, яке аз қонунҳои хеле муосири сатҳи байналмилалӣ мебошад. Чунки ҳангоми таҳияи ин қонун мазмуну меъёрҳои бисёре аз қонунҳои забони кишварҳои дигар, ҳатто кишварҳои араб, кишварҳои Аврупо, то Лаҳистону то тамоми ҷумҳуриҳои собиқ Шӯравӣ дар назар гирифта, дар таҳияи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» истифода шудаанд.
Бо қабули ин қонун Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфта, Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2012-2016 қабул гардид. Имлои забони тоҷикӣ аз нав мавриди баррасӣ қарор гирифта, Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ қабул гардид. Яъне тавре мебинем дар даврони Истиқлолият барои рушди забони давлатӣ корҳои зиёде анҷом гирифтааст.
Забони илмӣ бояд забони тавоно, гуё, зоё ва ҷӯё бошад. Агар гунаҳои форсиву дарӣ дар ҷаҳон аз лиҳози илмӣ будан ҷои 17-умро ишғол кунад, пас забони тоҷикии мо ҳанӯз ҳам пояҳои илмии худро мустаҳкам карда натавониста истодааст. Ба ин ҷараён пеш аз ҳама ҳанӯз ҳам навиштани рисолаҳои илмӣ ба забони русӣ ва ҳимояи онҳо ба ин забон халали ҷиддӣ ворид мекунад. Бинобар ин зарур аст, ки ҳар чи зудтар бо навиштани рисолаҳои илмӣ, танзими истилоҳоти илмӣ ва таблиғу тарвиҷи забони илмии тоҷикӣ бештар рӯ биорем. Аз тарафи дигар таҳияи фарҳангҳои тафсирии тоҷикӣ яке дигар аз масъалаҳои ҳалталаби забони мост . Ҳарчанд дар ин ҷода бо таҳияи
“Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ” (2008, 2010, 2011) гоми муҳимме бардошта шуд, вале бо халал ворид шудан ба кори таҳияи “Фарҳанги мукаммали забони тоҷикӣ” аз тарафи Раёсати пешини АИ ҶТ ва собиқ директори Институти забон, адабиёт ва мероси хаттии ба номи Рӯдакӣ Акбар Турсун кори таҳияи ин фарҳанг ба таъхир афтод ва маблағҳои ин Лоиҳа барои самтҳои номаълум сарф шуданд. Танҳо ҷилди аввали ин дар соли 2011 бо бартараф кардани садҳо мушкиливу монеаҳои сунъӣ аз чоп баромад.
Ҳол он ки дар давоми соҳибистиқлолӣ ҷумҳуриҳои пешини Шӯравӣ дар ҷодаи фарҳангнигорӣ ва махсусан фарҳангҳои тафсирӣ муваффақиятҳои зиёде ба даст оварданд. Тибқи маълумоти оморӣ дар ин муддат дар Ҷумхурии Узбекистон Фарҳанги тафсирии забони узбекӣ (дар панҷ ҷилд), дар Ҷумҳурии Қазоқистон Фарҳанги тафсирии забони қазоқӣ дар 20 ҷилд, дар Ҷумҳурии Украина низ Фарҳанги тафсирии забони украинӣ дар 20 ҷилд чоп шудааст.
Албатта забон ҳастии миллат аст. Мо бояд бо ин ҳастии миллат хеле эҳтиёткорона, боназокат, бомулоҳиза рафтор намоем. Вале робита бо пажӯҳиши масъалаҳои забони модарии мо ҳанӯз масъалаҳои ҳалношуда хеле зиёданд. Таҳқиқи забони меъёр ё забони адабӣ ва проблемаҳои он яке аз масъалаҳои муҳими илми забоншиносӣ мебошад. Бояд гуфт, ки дар замони истиқлол бо забони давлатӣ гардидани забони тоҷикӣ таҳқиқи ҷанбаҳои гуногуни он аҳамияти миллӣ ва давлатӣ касб мекунад. Мутаассифона, дар рушду инкишофи забони давлатӣ ҳанӯз мушкиливу монеаҳои зиёдеро бартараф кардан лозим меояд. Бо вуҷуди он, ки барои инкишофи забони адабӣ аз лиҳози сиёсӣ ва давлатдорӣ тамоми шароит муҳайё аст, зарурати истифодаи он ба ҳайси забони давлатӣ, коргузорӣ, таълим, илмӣ ва ғайра аз тарафи тамоми қишрҳои ҷомеа дуруст дарк нашудааст. Инчунин барои таҳияи фарҳангҳои тафсирӣ, дузабона, чандзабона, истилоҳӣ ва луғатҳои махсуси забоншиносӣ (фарҳанги басомади вожаҳо, ҳаммаъноҳо, зидмаъноҳо ва ғ) муддати зиёд ва заҳмати фаровон лозим аст. Доир ба забони адабии тоҷикӣ корҳои зиёди таҳқиқотӣ ба анҷом расидааст. Аммо роҷеъ ба меъёри он ба таври мушаххас ҳанӯз тадқиқоти зиёде анҷом додан лозим меояд. Роҷеъ ба меъёрҳои забони адабии гуфтугӯӣ то кунун коре ба майдон наомадааст. Дар забоншиносии муосири тоҷик то кунун таҳқиқоте, ки дар асоси меъёри забони адабии гуфтугӯӣ ба итмом расида бошад, арзи вуҷуд накардааст. Бинобар ин меъёрҳои забони адабӣ ва забони адабии гуфтугӯиро дар асоси маводи муътамад мавриди таҳқиқ қарор додан аз вазифаҳои бетаъхири забоншиносон ба шумор меравад.
Дар бахши истилоҳот ва истилоҳсозӣ имрӯз барои забоншиносони тоҷик шароит фароҳам аст, ки таҷрибаву бозёфтҳо ва захираҳои истилоҳоти забони тоҷикӣ, форсӣ ва дариро олимона таҳлилу баррасӣ карда, муносибтарин ва озмудатарини онҳоро баргузинанд. Ҳамгунсозии риштаҳои илму фан ва технология ба далели таъсири забонҳои гуногун ва анъанаҳои истилоҳсозии асрҳои охир дар замони мо фурсат ва заҳмати бештарро талаб мекунад. Аз ин рӯ, набояд яке аз ин шохаҳоро бар дигаре тарҷеҳ дод. Баръакс, ба андешаи мо имрӯзҳо, ки дар истилоҳсозӣ ҳама гирифтори мушкилоти муштаракем, бояд талош варзид, ки ҳатто вижагиҳои луғавии минтақавии форсӣ, дарӣ ва тоҷикӣ бетаассуб таҳқиқ ва тафтиш шавад, то бошад ки бо кумаки ҳамдигар мушкилоти нави хешро ҳам дар ин ришта ба мисли гузаштаҳо бартараф созем.
Барои ба даст овардану таҳким бахшидани истиқлоли фарҳангии миллӣ пеш аз ҳама пояҳои забони миллиро мустаҳкам намудан зарур аст. Забони тоҷикӣ фақат ҳамон вақте забони илму фарҳанг мегардад, ки бо ин забон истилоҳоти илмӣ ба вуҷуд оварда шавад.
Масъалаи стандартсозӣ ва ҳамгунсозии истилоҳоти забони тоҷикӣ, аз дигар масъалаҳои муҳими забон илм мебошад. Махсусан, имрӯз, ки як марҳилаи муҳими инкишофи забони тоҷикӣ, яъне дар коргузории идораҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ ҷорӣ шудани забони давлатӣ анҷом ёфтааст, масъалаи истилоҳот, стандартсозӣ ва ҳамгунсозии он ба мадди аввал мебарояд. Он харҷу марҷе, ки имрӯз дар истифодаи истилоҳот дар коргузории расмӣ, ҳуҷҷатҳои қонунгузорӣ, забони таҳсил ва матбуот вомехӯрад, ба ҳамагон маълум аст. Бинобар ин зарурати соҳа ба соҳа стандарт ва ҳамгун сохтани истилоҳоти забони тоҷикӣ ва ба меъёри муайян даровардани нормаҳои забони адабӣ ва махсусан бахши вожагонии он сахт эҳсос мешавад. Барои дар амал пиёда кардани он таҳияи фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ ва инчунин фарҳангҳои истилоҳии соҳавӣ бисёр зарур аст. Дар ин солҳо ба чоп расидани «Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ» (дар ду ҷилд) ва «Фарҳанги русӣ – тоҷикӣ» (дар ду ҷилд)–ба ҳалли ин масъала метавонад ёрии амалӣ расонад. Яке аз масъалаҳои муҳимми дигари инкишофи забон барномарезии таҳияи истилоҳоти илмӣ барои риштаҳои гуногуни ҳаёти иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар аст. Ин масъала бояд якҷоя бо муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва илмии Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои педагогӣ баррасӣ гардида, роҳҳои татбиқи он муайян гардад. Зеро таҳия, ҳамгунсозӣ ва стандарт намудани истилоҳоти илмӣ яке аз пояҳои асосии ба вуҷуд овардани забони илм аст. Дар ин бора дар суханронии хеш ҳангоми мулоқот бо зиёиёни кишвар (20 марти соли 2009) Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мефармоянд: “Мо бояд забони тоҷикиро ҳамчун арзиши миллӣ эҳтиром кунем, ба он муносибати ғамхорона дошта бошем, барои рушду инкишофи он дар ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷомеа заминаи зарурӣ фароҳам оварем. Ин амал пеш аз ҳама барои ба забони илм табдил додани забони модарии мо аҳамияти бузург дорад, зеро ба ин мартаба расидани забон сатҳи аз ҳама баланди густариши он ба шумор меравад. Зарурати таҳияи истилоҳоти илмӣ барои бахшҳои мухталифи забони тоҷикӣ на танҳо масъалаи дохилии илми забоншиносӣ, балки масъалаи рӯзмарраи сиёсати давлатӣ оид ба забон мебошад.” (8) Аз тарафи дигар масъалаи таҳияи асарҳои илмӣ ба забони тоҷикӣ (махсусан дар бахши илмҳои дақиқ) бояд ҳарчи зудтар ба таври расмӣ баррасӣ шавад ва роҳи ҳалли расмии худро ёбад. Ҳалли ин масъала агар аз як тараф барои ба забони илм табдил ёфтани забони давлатӣ мусоидат кунад, аз тарафи дигар барои таблиғу тарвиҷи илмҳои дақиқ дар Тоҷикистон замина фароҳам меоварад.
Дурнамои рушди на танҳо илми филологияи тоҷик, балки умуман илми тоҷик пеш аз ҳама ба сатҳи тайёрии касбии донишмандони ин ришта сахт марбут аст. Бинобар ин тарбияи кадрҳои ҷавони илмӣ аз масъалаҳои муҳимтарини мо мебошад. Сол аз сол бо беҳтар шудани вазъи иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар Ҳукумати Тоҷикистон ба рушду сармоягузории илм аҳамияти зиёде медиҳад. Аз ҷумла, вазъи илми тоҷик низ рӯз аз рӯз беҳтар мегардад ва кадрҳои ҷавон низ ба корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ҷалб мешаванд. Вале баланд бардоштани сатҳи дониши онҳо дар бобати аз худ кардани асосҳои забоншиносӣ, таърихи забонҳои эронӣ ва дастовардҳои ахири илми забоншиносӣ хеле зарур аст. Ногуфта намонад, ки аз худ кардани алифбои ниёгон ва ба таври озод мутолиа кардани осори адабиёти классикӣ яке аз талабҳои асосӣ барои кадрҳои ҷавони илми забоншиносӣ мебошад.
Забон ба мисли мавҷуда зинда доимо дар такопӯву густариш аст. Забони модарии мо, ки аз қаъри асрҳо сарчашма гирифта, саршор аз вожагону таркибҳои худиву бегона аст, ба ғамхорӣ ва парастории соҳибони худ сахт эҳтиёҷ дорад. Дар дунё имрӯз забоне шояд вуҷуд надошта бошад, ки асолати худро дар муддати 1500-1800 сол нигоҳ дошта бошад ва осори ба ин забон навишташуда дар ин давраи тӯлонӣ боз ҳам барои соҳибонаш фаҳмо бошад. Ин ганҷи шойгонро мо тоҷикон бояд ҳамчун гавҳараки чашм, нури хиради азалӣ нигоҳ дорем ва онро саробонӣ кунем.
1. Эмомалӣ Раҳмон. Ҷавонон ояндаи миллат (Суханронӣ дар мулоқот бо ҷавонони лаёқатманд)// Ҷумҳурият, 23 майи соли 1998.
2. Эмомалӣ Раҳмон. Тоҷикон дар оинаи таърих. Китоби якум. Аз Ориён то Сомониён, Душанбе, 2002;Эмомалӣ Раҳмон. Тоҷикон дар оинаи таърих.Китоби дуюм. Аз Ориён то Сомониён, Душанбе, 2002; Эмомалӣ Раҳмон.Тоҷикон дар оинаи таърих. Китоби сеюм. Аз Ориён то Сомониён, Душанбе, Ирфон, 2006; Эмомалӣ Раҳмон. Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ. Душанбе, Ирфон, 2006. Забони миллат хастии миллат, Душанбе, 2016
3. Эмомалӣ Раҳмон. Ҷавонон ояндаи миллат (Суханронӣ дар мулоқот бо ҷавонони лаёқатманд) //Ҷумҳурият, 23 майи соли 1998; Эмомалӣ Раҳмон. Забон ва бедории миллӣ// Садои мардум, 24 марти с. 2001; Эмомалӣ Раҳмон. Фарҳанг ҳастии миллат аст// Ҷумҳурият, 24 марти соли 2001; Эмомалӣ Раҳмон. Суханронӣ дар мулоқот бо зиёиёни мамлакат дар театри давлатии академӣ-драммавии ба номи Лоҳутӣ, 20 марти соли 2004// Ҷумҳурият, 25 марти соли 2004; Эмомалӣ Раҳмон. Мушкилоти рўзгори мардумро осон ва мавқеи байналмилалии Тоҷикистонро боз ҳам мустаҳкам гардонем. // Ҷумҳурият, №36 (21243), 27 марти соли 2007; Эмомалӣ Раҳмон. Наврўз барои миллати мо ҷашни муқаддас аст. Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мулоқот бо аҳли зиёи мамлакат (19 марти соли 2000\\Ҷумҳурият, 20); Эмомалӣ Раҳмон. Забон яке сарчашмаҳои асосии истиқлолияти миллӣ ва омили муҳимми ташаккули миллат мебошад. Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати рўзи Забон, 21 июли соли 2007; Эмомалӣ Раҳмон. Ҷомеа ва рисолати зиёӣ (Суханронӣ дар мулоқот бо зиёиёни ктшвар, 20 марти соли 2009) \\ Садои мардум, 28 марти соли 2009 ва ғ.
4. Саймиддинов Д. Вожашиносии забони форсии миёна. Душанбе, 2001; Саймиддинов Д. Вожаномаи феълҳои паҳлавӣ. Душанбе, Дониш, 1992; Саймиддинов Д. Фарҳанги ҳузворишҳои паҳлавӣ. Душанбе, 2008.
5. Маҷидов Ҳ. Забони адабии муосири тоҷик. -Душанбе, 2007; Назарзода С. Ташаккули истилоҳоти иҷтимоиву сиёсии забони тоҷикӣ дар садаи ХХ. Душанбе, 2004; М.Ҳ.Султон. Ташаккул ва такомули истилоҳоти илмии форсӣ-тоҷикӣ. Душанбе, 2000; Қосимова М.Н. Таърихи забони адабии тоҷик. Душанбе, 2003.
6. Фарҳанги тоҷикӣ ба русӣ ҷ.1, зери таҳрири С.Д. Холматова, С.Солеҳов, С.Каримов. -Душанбе, 2004; ҷ.2, зери таҳрири Д.Саймиддинов, С.Д. Холматова, С.Каримов. -Душанбе, 2005; нашри дувум бо илова, такмил ва ислоҳ, зери таҳрири Д.Саймиддинов, С.Д. Холматова, С.Каримов. -Душанбе, 2006; Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ, зери таҳрири Назарзода С., Сангинов А., Каримов С., Султонов М. М, иборат аз ду ҷилд. Душанбе – Машҳад, 2008. Донишномаи Рўдакӣ, иборат аз ду ҷилд. Душанбе-Димишқ, 2008.
7. Эмомалӣ Раҳмон. Забон яке сарчашмаҳои асосии истиқлолияти миллӣ ва омили муҳимми ташаккули миллат мебошад. Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати рўзи Забон, 21 июли соли 2007.
8. Эмомалӣ Раҳмон. Ҷомеа ва рисолати зиёӣ (Суханронӣ дар мулоқот бо зиёиёни кишвар, 20 марти соли 2009) // Минбари халқ, 26 марти соли 2009.
Назарзода Сайфиддин
доктори илми филология,
Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон