04 Nov 2016

Тибқи назарияи роҳбарӣ, инсонҳо наметавонанд дар ҳама самт фаъол ва доно бошанд. Яке донандаи фалсафа ҳасту дигарӣ улуми дақиқ ва сеюмӣ на донандаи илму техника, балки оқилест, ки метавонад инсонҳоро вобаста ба тавону заковати худ ба самтҳо равона созад. Инсон агар як самтро донанд ва идора карда тавонанд, самтҳои дигаре, ки дар раванди кор пайдо мешавад ҳатман ба машварат, назар ва неруи дигарон эҳтиёҷ пайдо мекунад. Роҳбари оқил он аст, ки дар раванди кор на аз ҳама бештар ба худ, балки бештар ба тими корияш эътимод мекунад ва кормандонро бо руҳияи баланд ва иродаи қавӣ ба самтҳои дурусту лозим раҳнамун месозад. Ин хусусият инсонҳоро муваффақ ва корро дар ҳама самтҳо ҷоннок мегардонад. Ин назарияи собитшудаи Ҷон Максвелро мо метавонем дар хусусият ва принсипҳои фаъолияти Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон, доктори илми филология,  профессор Сайфиддин Назарзода ба таври аъло мушоҳида намоем.
Сайфиддин Назарзода, аз декабри соли 2014  то имрўз ба ҳайси Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон ифои вазифа менамоянд. Ў аз рўзи аввали таъин шудан ба ин маснад дар ҳузури кули кормандони Китобхонаи миллӣ чунин гуфта буд: «ман ин ҷо бо мақсади беҳбуди кор таъин шудаам ва умедворам, ки дар якҷоягӣ бо шумо масъулияти бар дўшамон бударо ба таври комил иҷро намоем.» Ва дар воқеъ имрўз Сайфиддин Назарзода фаъолияти Китобхонаро бо аҳли китобу адаби коргоҳ дар якҷоягӣ иҷро мекунанд, пеш мебаранд ва муваффақ низ гардиданд. Зеро дар давраи фаъолияти ӯ равандҳои фаъолияти китобхона, шумори аъзоёни Китобхона, ташрифи хонандагон ба Китобхона, корҳои илмӣ-методии коргоҳ, нашри силсила осори «Тоҷнома», фаъолияти сиёсию ҷамъиятии кормандон ба таври комил пешрафт намуд.
Ин пешрафти назаррас дар ҳоле мебошад, ки ҳар лаҳзаву замон мубаллиғони вертуалӣ аз кўчаву бозор то мактабу манзилҳои зист насли наврасро ба сўи сомонаҳои иҷтимоӣ, бозиҳои комптерӣ ва клубу тафреҳгоҳҳо мехонанд, ҷалб намудани насли ҷавон ба китобхона кори саҳл нест. Сайфиддин Назарзода дар ин кор ба неруи зеҳнию ақлонии кормандон такя намуда, аз синфхонаву толор, то донишгоҳу боғчаи бачагон, бо роҳҳои фаҳмондадиҳӣ наврасону ҷавононро ба Китобхонаи миллӣ ҷалб намуданд. Ва дар ин самт муваффақият низ ба бор омад. Зеро шумораи аъзоёни доимии Китобхонаи миллӣ аз 62303 нафари соли 2014 ба 96381 нафар расид, ки яке аз дастовардҳои волои хизматӣ маҳсуб мешавад.  
Корҳои илмӣ-методиро низ муҳтарам Сайфиддин Назарзода аз рўзҳои аввали таъин шудан ба вазифаи директори Китобхонаи миллӣ оғоз намуданд. Ў дар рўзҳои аввали корӣ, тамоми мутахассисони соҳаи китобдориро дар гирди мизи машваратӣ ҷамъ намуд ва машварати ҳар яки онҳоро вобаста ба беҳтар намудани кори соҳаи китобдорӣ пурсон шуда, ҳар як пешниҳоду назари онҳоро қабул намуд ва ин машваратҳоро дар ҷойи худ ба кор бурд.
Ин машваратҳо боис ба он гардиданд, ки «Барномаи рушди Китобхонаи миллии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020» аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида, иҷроиши он зина ба зина аз ҷониби кормандон ҷараён дорад ва ҳайатҳои мутахассисону кормандони ботаҷрибаи Китобхонаи миллӣ аз шаҳру навоҳӣ ва вилоятҳо дидан намуда, вазъи китобхонаҳои давлатӣ-оммавии кишварро таҳлил намуда, курсҳои такмили ихтисос ва омўзиши навгониҳои китобдориро ба кормандони китобхонаҳои шаҳру навоҳӣ баргузор мекунанд. Ин курсҳо дар вилоятҳои Хатлону Бадахшон, Суғду минтақаҳои Рашту Кўлоб баргузор карда шуд ва ба иштирокдорони курсҳои кўтоҳмуддати сайёр оид ба «Фаъолияти китобдорӣ-иттилоотӣ» ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи таҳсил супорида шуд.
Дар ин давра даҳҳо дастурҳои методию библиографӣ ба чоп расид, ки дар соҳаи китобдорӣ дастоварди хуб ба ҳисоб меравад ва роҳнамое мебошанд барои китобдорони ҷавону кадрҳои худомўз.
Нашри силсилаи «Тоҷнома», ки фарогири беҳтарин намунаҳои осори таърихию фарҳангии адибону муаррихон мебошад ва вобаста ба таъриху фарҳангу тамаддуни миллати тоҷик дар давраҳои гуногун эҷод шудаанд, ҷоннок гардида, 4 ҷилди дигари он ба дасти хонандаи тоҷик расид, ки аз масъалаҳои муҳимтарини фаъолияти кории устод Сайфиддин Насарзода  мебошад.
Дигар масъалаи муҳимтарини фаъолияти роҳбарии Сайфиддин Назарзода дар он зоҳир гардид, ки кормандони Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар тамоми чорабиниҳои сиёсию ҷамъиятии сатҳи шаҳрӣ ва ҷумҳуривӣ ширкати фаъолона намуда, сохтори ибтидоии ҳизбии Китобхона фаъолияти худро дар ин давра ҷоннок намуд. Агар то омадани Назарзода ба Китобхона шумораи аъзоёни ҲХДТ дар ин муассисаи бузург 28 нафар бошад, пас имрўз аъзоёни ҲХДТ дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон зиёда аз 300 нафар мебошанд, ки аз 10 баробар бештар мебошад.
Мо хуб дарк мекунем, ки ин нишондодҳо наметавонад фаъолияти пурҷанбаи як олимеро чун Сайфиддин Назарзода дар бар бигирад, вале танҳо чизе, ки дар ин муддати кўтоҳ ба вуҷуд омадааст бо қалами таҳрир пешкаши хонандагон карда шуд.
Дар ин рўзҳое, ки устоди иззатманд Сайфиддин Назарзода ба синни мубораки 60 қадам мениҳанд, аҳли кормандони Китобхонаи миллӣ устодро самимона табрик намуда, дар раванди фаъолияти корию ҷамъиятӣ-сиёсӣ ба устод тавоноии бештару беҳтарро таманно дорем.

Салима Раҷабова 
Гадобек Маҳмудов  
Муҳаммадиқбол Атоев